sebiston july new
Табобати ноф баъди таваллуд
862

 

Дардҳои бетоқатонаи таваллудшавии фарзанд ба охир расиду бо гиряи аввалин навзодатонро бағал кардед? Ин зеботарин ва хушбахттарин лаҳзаи зиндагии ҳар модар аст.

Акнун ташвиш бештар мешавад. Аввалин амали модар низ ғайр аз корҳои ҳаррӯза боз дуруст нигоҳубин карда тавонистани нофи кӯдак аст. Ин воситаи байни модару кӯдак буд ва то ин дам ӯ бо ин восита обу ғизо мегирифт, вале акнун баста шуд. Онро дуруст табабат кардан лозим аст, то ҳам газак нагирад ва ҳам зебо бошад.

Баъди тавлиди тифл ҳамроҳаки кӯдакро момодоя мебурад ва ҳамин тавр, ҳаёти берун аз шиками модар барои навзод шурӯъ мешавад. Баъди қайчӣ кардани ҳамроҳак момодоя пучаки махсусро ба нофи кӯдак мечаспонад.

Ҳангоми буриш 2-3 см. аз шикам дуртар мебуранд ва пучакро ба боқимондаи ноф васл мекунанд. Он табиатан баъди 5- 6 рӯз ё баъзан зиёдтар хушк шуда меафтад. Дар давоми хушкшави ҳамроҳак муҳим аст онро ба хубӣ нигоҳубин намуд ва якчанд амал аст, ки онро бояд анҷом дод.

Аз ҷумла, ҳангоми пӯшондани уребча эҳтиёткор буда, аз тарафи пеш лаби онро таҳ кардан лозим аст, то он ба ноф нарасад. Баъди як ё ду рӯз ноф хушк мешавад. То он замон онро даст задан ва ё бо ҳаракати тез расидан мумкин нест, зеро ин амал барои навзод дарднок аст.

Баъди хушк шуда, канда шудани ноф ҳам каме хун дидан мумкин аст. Аз ин ҳаросидан лозим нест, чунки он хатарнок нест. Танҳо онро бо маводди антисептикӣ безарар кардан лозим аст ва нигоҳубин кардан муҳим аст, то газак нагирад.

Дар тавалудхонаҳо барои табабати дурусти ноф тавсия дода мешавад, ки бо маҳлули "Перекис" ва "Хлорофилипт"-и 2% тоза карда, малҳами “Левомистин”-ро молидан лозим аст.

Мабодо гирди нофи кӯдак сурх шуда, варам кунад ва бӯи бад кунаду хунравӣ дошта бошад, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷойи буридашудаи нигоҳубини дуруст карда нашуда, газак гирифтааст. Ҳеҷ гоҳ ба худтабобаткунӣ даст назанед ва ҳатман ба духтури кӯдак муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД