arzon replenishment
Таъбири марги модар дар хоб чист?
05.09.2024
ОИЛА.ТҶ
1128

Ман имшаб хоби даҳшатноке дидам. Дар хобам модарҷони меҳрубонам бо манаҳи бастагӣ дар тобут хобида буданд ва мани бетақдир аз дарду алам девона шуда, рӯю мӯямро мекандаму зор-зор гиря мекардам. Вақте аз хоб бедор шудам, болинам аз оби дида тар шуда буд. Шукри худо саломатии модарам хуб аст, лекин сахт дар ташвишам, ки мабодо бо очаҷонам ягон ҳодисаи нохуш рӯй надиҳад. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.

САНАВБАР, аз ноҳияи Ҳамадонӣ

Посух:

- “Биҳишт дар зери пойи модарон аст” гуфтаанд, албатта дидани чунин хоби нохуш касро ба ваҳшат меандозад, вале марги модар дар хоб фоли бад ва нишонаи сар задани ягон ҳодисаи нохуш нест.

Дар хобномаҳо омадааст, ки агар модар зиндаву саломат бошад, вале шахс хоб бинад, ки аз олам гузаштааст, умри модараш дароз мешавад. Марги модар дар хоб рамзи рӯй додани ягон ҳодисаи хурсандиовар дар ҳаёти худи шахси хобдида низ буда метавонад.

Зан ё духтари ҷавон ва муҷаррад хоб бинад, ки модараш аз олам гузаштааст, дар ҳаёти шахсиаш навигарӣ рӯй дода, ба марди хубе ба шавҳар мебарояд, ки дар зиндагӣ мисли модар барояш меҳрубон хоҳад гашт.

Аммо одами ношиносе дар хоб ба шахс хабари марги модарашро расонад, дар ҷойи кораш ягон ҳодисаи нохуш ё ҷангу ҷанҷол рӯй медиҳад.

Модараш кайҳо аз олам гузашта бошад ва мард марги ӯро хоб бинад, бо мушкилиҳои молиявӣ - пулӣ рӯ ба рӯ мегардад.

Ғайбдони машҳур Ванга гуфтааст, ки агар шаби ҷумъа зан ё марди муҷаррад хоб бинад, ки модараш аз олам гузаштааст, ҳамсафари ояндаи ҳаёташро вохӯрда, оилаи мустаҳкам ва хушбахт бунёд менамояд ва соҳиби фарзандони зиёде мегардад.

Зан ё марди оиладор хоб бинад, ки модараш аз дунё гузаштааст ва хонааш пур аз одам асту гиряву нола дорад, бою бадавлат мешавад.

Аммо дидани ҷонкании модар дар хоб чандон фоли нек нест. Чунин хоб аз сар задани беморӣ дарак медиҳад. Модараш кайҳо аз олам гузашта бошад ва зани бефарзанд марги ӯро дар хобаш бубинад, ҳомила шуда, фарзанди солеҳ ба дунё меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД