Sebiston new 2024 october
Таъбири хоб: Одамро дар хоб об барад мемирад?
12754

Таъбири хоб:
Одамро дар хоб об барад мемирад?
Шаби гузашта хоб дидам, ки хушдоманамро ба об афтодааст. Ростӣ сахт ба ташвиш афтодам, зеро аз калонсолон шунида будам, ки агар одам хоб бубинад, ки ба об афтодааст, ба сараш ягон фалокат меояд. Илтимос, таъбири ҳамин хоби маро ошкоро бигӯед!
Зебо, мухлиси Оила. ТЧ
Посух
Хоҳари азиз Зебоҷон!
Пеш аз ҳама худро ба даст бигиред, зеро ба ҷуз Худованди бузург дигар касе намедонад, ки тақдири инсон чӣ мешаваду чи мушкилотро дар зиндагӣ аз сар мегузаронад ва кай аз олам мегузарад. Дар бораи хобу хоббинӣ бошад, ҳаминро гуфтанием, ки хоб се навъ мешавад:
1. Хоббинӣ аз хастагӣ бар асари асабоният ва ташвишҳои рӯзгор.
2. Хобҳои шайтонӣ-бо василаи хобҳои даҳшатангез Иблис одамро тарсонда, ба гирдоби ғаму андӯҳ гирфтор кардан мехоҳад.
3. Хобҳои Раҳмонӣ-одатан чунин хобҳоро танҳо одамони покҷавҳар мебинанд ва офаридгор бо воситаи чунин хобҳои пурҳикмат бандаи дӯстдоштаашро аз пешомадаш огоҳ ва офатҳо ҳимоя кардан мехоҳад.
Акнун меоем сари хоби дидаи шумо. Ҳамааш аз он вобаста аст, ки об чӣ гуна буд. Модаршӯятон ба оби тоза ва мусаффо афтода бошад, ин нишонаи хуб буда, бар он далолат менамояд, ки ягон кори аҳли оила барор мегирад ва аз роҳи ҳалол даромади калон ба даст меоранд, вале афтодан ба оби тира ва ифлос дар хоб чандон хуб нест. Оби тира дар хоб аз имтиҳони тақдир ва сар задани ягон мушкилии ҷиддӣ дар ҳаёти шахси ғарқшуда дарак медиҳад. Шахси бемор хоб бубинад, ки ба оби тираю лойлуд афтода дасту по мезанад ва ниҳоят бо талошҳои зиёд ва ё бо ёрии дигарон аз он берун баромадааст, баъди бемории тӯлонӣ иншоллоҳ шифо меёбад, вале дар хобаш ӯро об бибарад, ин нишонаи бедаво будани дарди мариз аст.
Хобномаҳои исломӣ таъкид менамоянд, ки аслан дар хоб ғарқ шудан маънои дар гирдоби гуноҳ ғӯттавар гаштани инсонро дорад ва касе, ки чунин хоб мебинад, бояд сидқан пеши худованд тавба карда, дигар даст ба корҳои нораво назанад ва ба бечорагон хайру саховат намояд. Шахси хобдида, агар эътиқод надошта бошад, пас бояд бидонад, ки бо воситаи ҳамин хоб худованд ӯро ҳидоят карда истодааст, то ҳарчи зудтар имон оварда, мусалмон шавад ва аз дунё бе имон нагузарад. Одам, агар хоб бубинад, ки ғарқ шудаасту даҳонаш пур аз об аст, санҷиши ҷиддие дар зиндагӣ ӯро интизор аст. Об сӯзон бошад, шахси хобдида аз ёраш хиёнат дида, бисёр гиряву нола мекунад ва оқибат аз зиндагӣ бо он шахс дилсард гашта, хонавайрон мешавад.
Нӯшидани оби тираю бадбӯй дар хоб бар он ишорат мекунад, ки одами хобдида дар гирдоби мушкилиҳое дармемонад, ки ӯро бе обрӯ месозанд. Истодан дар зери фаввораи оби поку мусаффо дар хоб аз серҳосил омадани сол шаҳодат медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Амрулло 2023-10-10, 22:25
Салом алейкум бародар.ман як хоб дидам ва бисёр гамгин шудам.дар хобам дидам ки хонаам амааш пур аз об аст ва ман дар болои каике нишаста аз он моҳиҳои хурди мурдаро гирифта истодаам лутфан манеи хобамро мегуфтед мунтазирам
Посух
Умед 2023-10-15, 05:37
Душанбе
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Амрулло 2023-10-10, 22:25
Салом алейкум бародар.ман як хоб дидам ва бисёр гамгин шудам.дар хобам дидам ки хонаам амааш пур аз об аст ва ман дар болои каике нишаста аз он моҳиҳои хурди мурдаро гирифта истодаам лутфан манеи хобамро мегуфтед мунтазирам
Посух
Умед 2023-10-15, 05:37
Душанбе
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД