Поликарбонат Сухроб
ТАББИ КӮДАКРО ЧӢ ГУНА МЕФАРОРАНД?
11.07.2020
Р. Азимӣ
772

Фарзандонамро ҳамеша эҳтиёт мекунам, вале бо ин ҳама ғамхорӣ баъзан шамол хӯрда, таб мекунанд. Медонам, ки ҳарорати баланд барои кӯдакон хавфнок аст. Мехостам роҳҳои осони фаровардани ҳарорати баланди кӯдакро омӯзем. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед.

Ҳавасмоҳ Зарипова, н. Ваҳдат, хонашин

Ҳама гуна бемориҳои илтиҳобӣ боиси баланд шудани ҳарорати бадани кӯдакон мегарданд. Табби баланд аксуламали организм буда, ҳангоми афтодани микроб ва вирусҳои беруна ба ҷисм ба вуҷуд меояд. Ҳарорати баланд кӯдакони то яксоларо асабӣ ва гирёнчак месозад. Тасфкунӣ кори рӯдаҳоро вайрон карда, боиси заҳролудшавии умумии организм мегардад. Ҳарорати баланд аз он сабаб хатарнок аст, ки метавонад боиси сар задани бемориҳои шадид, аз ҷумла шайтонамиш (судороги) ва варами мағзи сар гардад. Волидон ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан ба кӯдак бояд бо ин тарз ёрӣ расонанд:

–Ҳарорати бадани кӯдак аз 37, 5-38,0 боло набошад, метавонед аз доруву ҳабҳо истифода набаред. Нӯшонидани нӯшокии зиёд кӯдакро аз ин ҳолат мебарорад.

   –Кӯдакро аз табби баланд агар шайтонамиш бигирад, кӯшиш намоед, ки тезтар ягон доруи зудтаъсир дода, тасфашро фарореду тифлакро зуд ба беморхона баред.

–Дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан кӯдак ба нӯшокии зиёд эҳтиёҷ дорад, бинобар ин ба фарзандатон бештар оби ҷӯшонидашуда, шарбат, чой, маҳлули регидрон диҳед. Меъёри нӯшокӣ ба ҳар як киллограмми вазни кӯдак 10 мл рост аст. Нӯшонидани нӯшокиҳо ва обро то ваќте давом диҳед, ки ҳарорати бадани кӯдак ба 37 расад.

-Нӯшонидани шир ва оби гӯшт, ҳамчунин чочак додан ба кӯдаки тасфдошта мумкин нест, зеро боиси қайкунӣ, дарди шикам ва дарунравӣ мегарданд.

–Ҳарорати бадани кӯдак аз 38 боло бошад, метавонед ба сараш латтаи тар ё дигар намуди хунукиро гузоред. Додани ҳабҳои зидди ҳарорати баланд айни муддаост.

-Либосҳои кӯдакро кашида бо маҳлули спирт ё спирти бо об омехташуда танашро тар кунед. Спирт надошта бошед, метавонед обу сиркоро ба миќдори баробар омехта карда, истифода баред. Сирко набошад, оби ҷӯшонидашудаи ширгармро ба сару тани кӯдак молед.

–Сару танаи кӯдак гарму дасту пойҳояш хунук бошанд, кашишхӯрии мушакҳо ба вуҷуд меояд. Кашишхӯриро ҳатман бояд аз байн бурд. Барои ин аввал дасту пойҳои хунукшудаи кӯдакро гарм карда, сипас дорувории пасткунандаи ҳароратро нӯшонед. Вобаста ба синну соли кӯдак табибон дар ин маврид ҳабҳои «Но-шпа» ва «Папаверин»-ро тавсия медиҳанд. Одатан пас аз гарм шудан либосҳои кӯдакро кашида, ҳарораташро бо усулҳои дар боло номбаркардаамон мефароранд.

–Ҳабҳои ҳароратпасткунандаю зиддиилтиҳобие, ки махсус барои кӯдакон тавсия шудаанд, муфиданд. Ҳаб таъсир нарасонад, метавонед ба кӯдак сироп нӯшонед. Сироп фоида накунад, аз шамъдоруҳои зидди ҳарорат (свечӣ) аз ҷумла «Панадол», «Нурофен», «Сефекон» истифода баред. Шамъдоруҳоро аз рӯдаи қафо мегузоранд.

-Агар баъди ҳамаи ин амалҳо ҳарорати бадани кӯдак бетағйир монад, ҳатман фарзандатонро ба духтур баред.

Р/С

Солҳои пеш бибию бобоҳои мо ҳангоми тафси баланд ба кӯдакон ҳаби «Аспирин» медоданд. Додани ин дору барои паст кардани ҳарорат ва сироятёбӣ ба кӯдакони то синни 18 сола имрӯз манъ карда шудааст.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД