Arzon march 2024
СУТ: Трамп хато мекунад, коронавирус сохтаи дасти инсон нест
1966

Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ сарчашмаи пайдоиши коронавирусро номбар намуд. Ба ақидаи намояндагони Созмон манбаи пайдоиши вируси SARS-CoV-2 ҳайвон будааст.


Намояндаи ин мақомоти байналмилалии тандурустӣ Фадела Чаиб сару садоҳоро дар атрофи сохтаи дасти инсон будани ин вирус чунин шарҳ додааст: «Нахуст вирус дар ҳайвон ба вуҷуд омадааст ва он ба ҳеҷ ваҷҳ ихтирои ягон олим ё озмоишгоҳ нест».

Ӯ ҳангоми брифинг дар Женева гуфт, ки СУТ дар ин маврид танҳо ба далелҳои илмӣ такя менамояд. “Аммо, айни ҳол, маълум нест, ки чӣ тавр вирус монеаҳои байни инсону ҳайвонро гузашта, ба одам асар кардааст. Коршиносон ва табибони дараҷаи байналмилаӣ аллакай аниқ кардаанд, ки вирус сохтаи дасти инсон нест”.
Хотиррасон менамоем, ки рӯзи 22 апрел аз COVID-19 наздик ба 2, 5 миллион одами рӯи ҷаҳон гирифтор шудаанд. 

СУТ бо мавқеи олимони чинӣ дар бобати тағйирёбии табии коронавирус ҳангоми аз ҳайвон ба инсон гузаштан мувофиқ аст. Ёдовар мешавем, ки Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Чинро бо он айбдор мекунад, ки гӯё ин кишвар дар пайдоиши сунъии коронавирус даст дошта бошад. «Ман дар ин бора ҳама чизро медонам. Медонистам, ки ин вирус даҳшатнок буда метавонад ва шояд аз як тараф хуб ҳам бошад. Аммо ман намехоҳам пессимист бошам”, - гуфт ӯ.  

Доналд Трамп дар брифинги 21 март дар бораи коронавирус гуфта буд, ки Пекин бояд Вашингтонро дар бораи ихтирои ин вирус ҳадди иақал 2-3 моҳ қабл огоҳ мекард, то мақомоти ИМА пешакӣ чораҳои дахлдор меандешиданд. Президент дар мусоҳиба бо “Fox News” гуфт, ки аз ихтирои вируси COVID-19 Чинро пушаймон мекунад. Дар пайи ин изҳорот СУТ қайд кард, ки вирус ягон хел сарҳади миллиро намедонад ва он набояд ҳамчун сохтаи ягон кишвар шинохта шавад. Пайдоиши он таббиист”.  

Эпидемиологҳо, вирусшиносон ва табибони бемориҳои сироятии рус низ ақида доранд, ки ин ҷо ҳама гуна нишонаҳои пайдоиши табииӣ дида мешавад. «Далелҳои мушаххаси пайдоиши ин вирусро намояндагони СУТ ба ҳайвон рабт додаанд. Дақиқан, ин вирус на онест, ки ӯро дар лаборатория ё ҷои дигар сохтаанд», - гуфтаанд вирусшинсоони рус. 

Қаблан вирусшиносони чинӣ муайян намуда буданд, ки манбаи пайдоиши вируси нави корона кӯршабпаракҳо буда, сусморҳо сабагори гузариши он ба одамон гаштаанд. Вале, барои СУТ то ҳол аниқ нест, ки чӣ гуна вирус тавонистааст монеаҳои ҷисмҳои сохташон тамоман гуногунро гузашта, ба бадани одам ворид шавад. Аниқ аст, ки ин кор бе «миёнарав» анҷом наёфтааст. Инро бояд тадқиқ кард,- гуфт коршиноси СУТ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД