arzon replenishment
"Сурхакони маймун" – вабои нав то кадом андоза хатарнок аст?
1195


Ҷаҳон аз пандемияи коронавирус ба пуррагӣ раҳоӣ наёфта, боз як бемории дигари ҳамагир ба гӯлӯи одамизод панҷа зада истодааст. Бемрии “Сурхакони майман” дар кишварҳои мухталифи олам бо суръат паҳн шуда истодааст ва олимону табибонро сахт ба ташвиш овардааст.

Дар Ҷумҳурии демократии Конго(Африқои Марказӣ) аллакай 9 нафар аз бемории "сурхакони маймун" вафот кардаанд. Дар Нигерия бошад, якумин ҳолати марг бар асари ин беморӣ ба қайд гирифта шуд.
Бино ба маълумоти муассисаҳои тандурустии кишварҳои мухталифи ҷаҳон, касалии “сурхакони маймун” қариб дар 20 давлат паҳн гашта, имрӯзҳо табибону олимон бо бемориҳои сироятӣ мубориза бурда истодаанд. Дар ин бора сомонаи "Даракчи" дар такя ба манбааш хабар медиҳад.
Бино ба хабари раёсати тандурустии Санкуру дар ҷумҳури Конго 465 ҳолати гирифтори ба бемрии “Сурхакони маймун” ба қайд гирифта шудааст. Ин беморӣ аллакай дар кисмати марказӣ ва ғарбии Африқо паҳн гаштааст. Сабаби зиёд паҳн шудани бемориро табибони Конго чунин шарҳ медиҳанд:
"Одамон ба ҷангалҳо рафта ҷасади маймун, кӯршапарак ва хазандаҳоро меоранд, ки он сарчашмаи бемории "сурхакони маймун" аст."
Табибон таъкид намудаанд, ки бо мушоҳида кардани аввалин нишонаҳои ин беморӣ маризон ҳатман ба беморхна мурҷиат намоянд, зеро “сурхакони маймун” бемории хатарнок аст.
Ин касалӣ дар Нигерия ва қисматҳои ғарбию марказии Африқо аллакай васеъ паҳн гаштааст. Рӯзи якшанбе вазорати ҳифзи тандурустии Нигерия аз якумин ҳолати марг аз ин беморӣ хабар дод. Гуфта мешавад, ки дар ин кишвар аз моҳи сентябри соли 2017 инҷониб "сурхакони маймун" қайд карда нашуда буд.
Тавре ки "Даракчи" менависад, дар Аврупо ва ИМА низ ҳодисаҳои гирифторӣ ба бемории "сурхакони маймун" ба қайд гирифта шуда, ин ҳолат кишварҳои дигарро низ ба ташвиш овардааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ додааст, ки бемории мазкур имрӯз қариб дар 20 кишвари олам муайян шудааст.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД