Баъди тавлиди тифл ҳамроҳаки кӯдакро момодоя мебурад ва ҳамин тавр, ҳаёти берун аз шиками модар барои навзод шурӯъ мешавад.
Баъди қайчӣ кардани ҳамроҳак момодоя пучаки махсусро ба нофи кӯдак мечаспонад. Ҳангоми буриш нофро 2-3 см аз шикам дуртар мебуранд ва пучакро ба боқимондаи ноф васл мекунанд. Он маъмулан баъди 5- 6 рӯз ва баъзан каме дертар хушк шуда меафтад, вале...
Аз сепсис эҳтиёт шавед!
Дар давоми хушкшавии ноф онро ба хубӣ нигоҳубин кардан лозим аст. Нодуруст нигоҳубин кардани нофи навзод кӯдакро ба бемории сепсис гирифтор карда метавонад, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки тифли навзоди худро хуб парасторӣ ва нигоҳубин кунед. Барои ин чанд амалро бояд анҷом дод.
Хатоҳое, ки оқибатҳои нохуш доранд
Нофи кӯдак тезтар хушк шавад гуфта қисме аз модарон нодониста аз оби даҳон (туф) хок ва ё спирт истифода мебаранд, ки ин комилан хато аст. Амалҳои мазкур метавонанд боиси ба дохили ноф ворид гаштани инфексия ва бактерияҳо гарданд. Модарон бояд хуб донанд, ки ин макон кушода ааст ва то худ хушк шудани ноф каме бояд таҳамул намуда, танҳо онро хуб нигоҳубин кунанд, ки газак нагирад.
Дар пӯшондани памперс эҳтиёт бошед
Ҳангоми пӯшондани уребча ба тифли навзоде, ки нофаш хушк нашудааст, эҳтиёт шавед. Аз тарафи пеш лаби онро таҳ кардан лозим аст, то ба нофи кӯдак нарасад. Баъди як ё ду рӯз ноф хушк мешавад. То он замон ба нофи навзод даст задан ва ё бо ҳаракати тез расидан мумкин нест, зеро ин амал барои тифлак дарднок аст.
Нофаш хун шавад, натарсед...
Баъди хушк шуда, канда шудани ноф каме хун ба назар расида метавонад. Аз ин ҳаросидан лозим нест, зеро он хатарнок нест. Нофро бо маводи антисептикӣ безарар гардонидан лозим аст. Барои он ки нофи кӯдак газак нагирад, онро хуб нигобуҳин кунед. Дар тавалудхонаҳо барои табабати дурусти нофи кӯдак ба модарон тавсия дода мешавад, ки нофи навзодро бо маҳлули "Перекис" ва "Хлорофилипт"-и 2% тоза карда, пас аз ин малҳами “Левомистин” бимоланд.
Нофи кӯдак сурх шуд, чи бояд кард?
Мабодо гирди нофи кӯдак сурх шуда, варам кунад ва бӯи бад карда, хунравӣ дошта бошад, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷойи буридашудаи дуруст нигоҳубин нашуда, нофи кӯдак газак гирифтааст. Дар чунин ҳолатҳо ба худтабобаткунӣ даст назанед ва ҳатман ба духтури кӯдакона муроҷиат намоед.