Arzon march 2024
Супер-мардҳои ҷаҳон: Кӣ буданду кӣ шуданд!
8748

 Джеки Чан, Арнолд Швартснеггер, Жан-Клод Ван Дам ва Силвестер Сталлоне то чӣ андоза “пир” шудаанд?

Ҳар кадоми мо дер ё зуд  пир мешавем ва ситораҳои Ҳолливуд ҳам истисно нестанд. Албатта, ҳастанд ҳунармандони машҳуре, ки пули калон сарф карда, бо истифода аз ҷарроҳии пластикӣ ҷавониашонро бардавом нигоҳ доштан мехоҳанд, аммо иддаи дигари ситораҳо аз паси зебоӣ намедаванд, зеро медонанд, ки бе ҳамин ҳам мардум дӯсташон медоранд. Биёед ба акси қаҳрамонҳои машҳуртарини кино нигариста, хулоса барорем, ки то чӣ дараҷа ин суперменҳо  дигаргун шудаанд.

Ҷеки Чани 65-сола пириро ба гардан намегирад

Актёр, коргардон ва продюссери шинохтаи Гонконг Ҷеки Чан имрӯз 65-сола шудааст. Ҷеки Чан ягона ҳунарпешаест, ки дар филмҳои пурмоҷаро бе кӯмаки каскадёр ва дулёрҳо нақш бозида, трюкҳои бисёр хатарнокро худаш иҷро мекунад. Дар баробари актёри дараҷаи олӣ будан Ҷеки Чан ҳамчунин нависандаи бомаҳорат буда, филмнома низ менависад. Ин марди донишманди панҷ панҷааш ҳунар ҳатто дар мавзуҳои илмӣ чанд китоб навишта, дар мактаби тиҷорати сайёҳӣ дарс медиҳад. Бо ин ҳама Ҷеки Чан пириро ба гардан нагирифта дар тамоми суҳбатҳояш қайд мекунад, ки ӯ ҳанӯз кӯдак аст.

Арнолд Швартснегер 72-сола шуд, аммо...

Губернатори 38-уми Калифорния, актёри аз ҳама машҳуртарини Голливуд Арнолд Швартснегер 72-сола шудааст, вале то ҳол мисли ҷавони 25 сола ҷусту чолок аст. Ӯ то имрӯз дар филмҳои мухталиф нақш бозида, ҳамчунин фаъолияти бисёр пурсамари сиёсӣ дорад. Чанде пеш Арнолд Шварснегер наберадор шуд, аммо ин бобои дилаш ҷавон дар суҳбат бо хабарнигорон худро ҷавони 18-сола номида, бо завқ механдад.

Ёдрас мешавем, ки нақши беҳтаринашро Арнолд Шварснегер дар филми “Терминатор” бозида, азизи дили миллонҳо одамон гашт. Гузашти умр шумораи маъшуқаҳои Шварснегерро кам накарда, то кунун бонувони зиёде дар ҳасрати оғӯши ин марди машҳур ҳастанд.

 

Жан-Клод Ван Дам дар 58-солагӣ чемпион шуд?

Жан-Клод Ван Дам, ҳунарпешаи маъруф, устоди саҳнаҳои ҷангӣ, марде, ки тамоми мардуми сайёраро бо қувваю нерӯи бузурги бозувонаш ба ҳайрат, айёми пурҷушу хурӯши ҷавониро паси сар карда, ба синни 58-солагӣ қадам ниҳодааст, аммо то кунун пириро ба гардан гирифтан намехоҳад. Ван Дам дар баробари актёри нотакрор буданаш ҳамчунин дар спорт низ комёбӣ ба даст оварда, бодибилдери машҳур аст. Ҳанӯз соли 1979 Жан-Клод Ван Дам қаҳрамони мутлақ дар чемпионати Белгия шуда буд. Ван Дами  паҳлавон то имрӯз дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок намуда, ҳарифонашро ба осонӣ  мағлуб месозад.

Барои Сталлоне 73-солагӣ поёни роҳ нест

Продюссер  ва актёри бузурги амрикоӣ Силвестер Сталоне дар беш аз 50 филми машҳур нақш бозидааст. Силвестер дар баробари супер-актёр будан ҳамчунин коргардони хуб буда, филмҳои зиёдеро ба навор гирифтааст, масалан филмҳои “Рокки ва Рембо”-ро худи Силвестер таҳия кардааст.

Соли 2015  Силвестер Сталонро бо ҷоизаи баланди “Глобуси тиллоӣ” мукофотониданд. Бисёриҳо гумон доштанд, ки ин охирин парвози баланди Сталоне буд, аммо то кунун ин марди қавиирода саҳнаро тарк накарда, ҳамчун ҳунарпеша ҳаёти бисёр пурҷушу хурӯшро ба сар мебарад. Силвестер Сталонее 73-сола то имрӯз ҷозибаи худро аз даст надода, ҳамеша дар филмҳо нақшҳои марказиро мебозад. 


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД