Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони тоҷику форс буда, дар ҳар минтақа бо расму ойинҳои хоси худ таҷлил мешавад.
Мардуми Истаравшан Наврӯзро оғози соли нав, рамзи эҳёи табиат, покии рӯҳ ва ҳамбастагии мардум медонанд. Наврӯзи Истаравшан аз қадим бо шукуҳу шаҳомат урфу одат ва анъанаву суннатҳояг шӯҳрати зиёд дошт. Барои дидани ҷашни Наврӯзии Истаравшан аз ҳар минтақаҳо меомаданд. Ривояте ҳаст, ки ҳатто сарлашкари машҳури Юнон-Искандари Мақдунӣ таҷлили бошукӯҳи Наврӯзӣ Истаравшанро дида, ҷашни моро хуш пазируфтааст ва баъди тамошои ҷашни наврӯзӣ ба фарҳангу тамаддуни ин диёр хайрхоҳ гаштааст.
Бойчечак пайки баҳор
Пайки баҳору Наврӯзро дар Истаравшан кӯдакон меоранд. Онҳо аз охирҳои моҳи феврал сар карда, аз талу теппаву дашт гули бойчечак мечинанд. Кӯдакон бойчечакро гирифта ба хонаҳои ҳамдеҳагони хеш мераванд ва аз омадани баҳори оламафрӯз мужда медиҳанд. Мардум ба оварандагони пайки баҳор ширинӣ ва тӯҳфаҳои гуногун дода, гули бойчечакро ба чашмонашон мемоланд ва шукрона мекунанд, ки ба баҳори нав расидаанд.
Хонабаророн
Дар Истаравшан омодагӣ ба Наврӯз аз рӯзҳои охири зимистон оғоз мегардад. Мардум хонаҳоро тоза мекунанд. Дар гузашта бо матоъҳои гулдӯзиву кашидадузӣ, шоҳтокиву зардӯзӣ ва матоъҳои рангоранг оро медиҳанд. Онҳо баробари омадани фасли баҳор тамоми ҷиҳози хонаро бароварда тоза мекунанд. Бо умеди дар хонаашон тамоми сол ҳукмрон гаштани покию тозагӣ ва сарфаю сариштакорӣ хонабаророн мекунад. Дар баъзе хонаҳо анъанае ҳам ҳаст, ки ҳар сол як маротиба хонаро рангубор карда, ҷиҳози онро дигаргуна ҷо ба ҷо мекунанд. Яъне ба соли наву рӯзи нав бо тозагиву озодагӣ қадам мемонанд.
Ҷуфтбаророн анъанаи деҳқонон
Анъанаи дигари Истаравшаниён ҷуфтбаророн ном дорад. Ҷуфтбаророн дар оғози фасли баҳор миёни деҳқонон баргузор мегардад. Нафаре, ки замини кишт дорад ба деҳқонон оши палав пухта дар чойхона ё дашт онҳоро меҳмондорӣ мекунад. Занҳо дар ин вақт чалпак (нонест, ки аз хамири тунук рост карда ба равған мепазанд) пухта ба деҳқонон мебаранд. Онҳо чалпакро хӯрда даст ба дуо мебардоранд, ки соли сериву пурӣ ояду марди деҳқон ҳосили хуб ба даст орад. Як нафар аз деҳқонони куҳансол равғани чалпакро гирифта ба шохи ду ҷуфти гов мемоланд. Ҷуфти говро ба замини кишт етал мекунанд. Ба воситаи он ҷӯй мекашанд. Ҳамин тавр анъанаи ҷуфтбаророн ба анҷом мерасад. Ҷуфтбароронро дар баъзе маврид якчанд деҳқонҳо якҷоя баргузор мекарданд.
Суманакпазӣ
Суманакро ҳамагон як сол мунтазир мешаванд, зеро он танҳо дар айёми Наврӯз пухта мешаваду халос. Дар ҳар деҳа ё гузар занҳо бо ҳам маслиҳат карда, мепазанд. Онҳо дар чойхона ё хонаи ягон нафар суманак мепазанд. Дастурхон ороста зиёфати Наврӯзӣ мехӯранд. То пухтани суманак бо рақсу бозӣ машғул мешаванд. Ҳамагон ба навбат сари деги суманак рафта бо нияти нек ва орзуҳои зиёд дегро мекобанд. Чун вақти кушодани рӯйи суманак меояд, ҳама ҷамъ омада мунтазири дидани рӯйи дег мешаванд. Ба гуфти мардум дар рӯйи суманаки дам хӯрда ҳар гуна манзара тасвир меёбад. Бархе онро ба дарахт, дигаре ба гул ва саввуми ба офтоб ташбеҳ медиҳад. Кӯҳансолон рӯйи онро гирифта ба хоҳишмандон медиҳанд ва зиёрат карда ба рӯяшон мемоланд. Ба қавле суманак барои пусти рӯй муфид аст. Суманакро дар доираи оила низ мепазанд.
Наврӯзии кӯдакон
Баробари омадани фасли баҳор кӯдакон ба бозиҳои миллӣ машғул мешаванд. Онҳо аз газетаи кӯҳна, варақҳои гуногун ё сарафан, тавассути қамишу ширеш лайлак ё бодбарак месозанд. Кӯдакони хурдсол бошанд "булбулча" мепаронанд. Барои сохтани "булбулча" варақ ва ришта лозим асту халос. Варақро гирифта ду тарафашро қат мекунанд ва риштаро мебанданд. Ҳамин тавр "булбулча"-и омода шударо мепаронанд. Писаракон аз чуби дарахт чиллаку лоф месозанд. Чиллак майдаҳак буда, лоф калонтар аст ва барои задани чиллак истифода мешавад. Ин бозӣ қонунҳои ба худ хос дорад,ки кӯдакон аз он хуб огоҳанд. Духтаракон бошанд аз санг ҳаппакбозӣ мекунанд. Ҳамин тавр ин ҳама расму русуми қадимии мардуми Истаравшан то фаро расидани ҷашни Наврӯз доир мегардад. Таҷлили ҷашни асосӣ дар маркази шаҳр, варзишгоҳ, Қалъаи Муғ ё дигар ҷойҳои фарҳангиву фароғатӣ оғоз мегардад.
Аёдати ҳамдигар
Истаравшаниён наврӯзро то се рӯз ид карда ба хонаи якдигар меҳмонӣ мераванду дили ҳамдигарро шод месозанд. Калонсолон, пирону маъюбон ва ятимону камбизоатон дар ин рӯзҳо танҳоии худро ҳис намекунанд, ба қавле пою қадами меҳмон аз хонаи онҳо канда намешавад.
Ин буд чанде аз оинҳои Наврӯзи Истаравшан. Даҳҳо чунин анъанаҳои неки дигари Наврӯзиро низ метавон ном бурд. Анъанаҳои Наврӯзии Истаравшан на танҳо мероси ниёгон, балки ойинаи зиндаи фарҳанг, меҳру муҳаббат ва ҳувияти миллии мардуми ин диёр мебошанд. Ин расму оинҳо насл ба насл гузашта, имрӯз ҳам бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегарданд ва мардумро ба ваҳдат, покизагӣ ва умеди фардои нек раҳнамоӣ мекунанд. Ҳифз ва гиромидошти чунин суннатҳо барои наслҳои оянда бисёр муҳим буда, нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ