Мошинро дастёри беминнат мехонанд, вале баъзан ин дӯсти оҳанин ба сари инсон чунон балову фалокатҳои бузургеро оварда метавонад, ки ягон роҳи ҷуброн карданашон вуҷуд надорад. Ҳодисае, ки ду рӯз қабл ба сари як ронандаи 46-сола омад, делили равшани ин гуфтаҳост.
Вазорати умури дохилии Тоҷикисон аз сар задани боз садамаҳои хунин хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи аввал санаи 9-июл, тахминан соатҳои 13.20 сар зада, мошини тамғаи “КИА-ОПТИМА” ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Истаравшан-Деваштич аз роҳ баромада, бо суръати баланд ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа мошин оташ гирифта, ронанда Эралиев Абдусалом Тоштемирович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Турсунзода ва як зани 35-солаи сокини ноҳияи Деваштич дар ин сӯхтор ҷони худро аз даст доданд. Мусофири дигари мошин Суғдиён Зарипова бо захмҳои зиёди сӯхтагӣ ба бемористон интиқол дода шудааст.
Боз як садамаи дигари маргбор дар ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайваста, тахминан соатҳои 12.30-и рӯзи 9-июл ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенц” Мирзоев Беҳрӯз Мирзохоновичи 26-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ пиёдагард Латипов Абдуғанӣ Сабуровичи 60-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа мард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Тафтишоти ин қазияҳо аз ҷониби мақомот идома дорад.