Даст ба худкушӣ задан ё қасди ҷони худ намудани занону духтарон падидаи номатлубест, ки вақтҳои охир тез-тез рӯй дода, ҷомеаро ба ташвиш меоранд. Дирӯз дар шаҳри Хӯҷанд боз як духтари тоҷик бо мақсади худкушӣ худро ба коми амвоҷи пуртуғёни Сирдарё афканд...
Ба иттилои Спутник, духтаре, ки қасди худкушӣ намуд, ҳамагӣ 15 сол дорад ва маълум нест, ки ин наврасро чӣ мушкили сангине аз зиндагӣ дилсард кардааст. Ин духтари ҷавон, ки ба қавли маъмул ҳанӯз аз сад гулаш як гулаш ҳам нашкуфтааст, худро аз болои пул ба дарё афканда, мехост бо ҳамин роҳ риштаи умрашро бо дасти хеш канда созад, вале наҷотдиҳандагон сари вақт ба макони ҳодиса ҳозир шуд, ӯро аз об берун кашиданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ҳоли духтари қасди худкушӣ карда зоҳиран хуб менамояд, вале аз сабаби хунук будани оби дарё аз ташхиси духтурон гузарониданаш зарур аст.
Ёдрас мешавем, ки ин аввалин ҳолати бо мақсади худкушӣ худро ба дарё афкандани занону духтарони тоҷик набуда, чунин ҳодисаҳои нохуш дар ҷомеаи мо тез-тез рӯй медиҳанд. Ҳамагӣ чанд рӯз қабл кормандони милитсия ҷони як духтари 20-соларо, ки худро ба дарё афканда буд, аз марг наҷот доданд. Духтар бар асари бархӯрдан ба сангҳои зери об ҷароҳатҳои зиёд бардошта буд, аз ҳамин хотир ба бемористон интиқол дода шуд.
Иддае аз занони тоҷик дар баробари мушкилоти зиндагӣ истодагарӣ карда натавониста худро бо кӯдакони ноблиғашон ба дарё меафкананд, ки ин хеле нагаронкунанда аст.