Додгоҳи ҷиноии Қоҳира як ровии машҳури телевизиони Мисрро ба қатл маҳкум намудааст.
Тавре CNN бо истинод ба расонаҳои Миср иттилоъ додааст, Сара Халифа ва 11 нафари дигар бо иттиҳоми даст доштан дар як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, ки ба истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир машғул будаанд, ба қатл бо роҳи ба дор овехтан маҳкум гашта, илова бар ин, ҳар як маҳкумшуда ба андозаи 500 000 фунти мисрӣ ҷарима месупорад, ки тақрибан 9 800 долларро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки аъзои ин гурӯҳ ба истеҳсоли маводи мухаддири синтетикӣ, нигоҳдорӣ ва паҳн кардани чунин маводҳо машғул будаанд. Кормандони пулис зимни кофтуков ҳудуди 750 кг маводи мухаддир ва ашёи хомро пайдо ва мусодира кардаанд.
Нӯҳ нафар аъзои гурӯҳ ба ҳабси абад маҳкум шуда, ҳафт нафари дигар сафед карда шудаанд, вале ровии машҳур Сара Халифа ва боз 11 нафари дигарро суд ба қатл маҳкум намудааст.
Сара Халифа як ровии маъруфи телевизионии мисрӣ аст, ки дар Instagram тақрибан 2,5 миллион пайрав дорад. Ӯ ҳамзамон соҳиби клиникаи зебоӣ буда, як барномаи фароғатиро пеш мебарад.