Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз нафарони муҷаррад, шаҳрвандони танҳо ва оилаҳои хурд дар асоси фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 21-уми ноябри соли 1941 андоз ситонида мешуд. Мардҳои бефарзанди аз 20 то 50-сола ва занҳои бефарзанди аз 20 то 45-сола ҳар моҳ 6%-и музди меҳнаташонро ба давлат месупориданд.
Нафарони моҳонаашон камтар аз 70 рубл, донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва афроде, ки бо сабаби вазъи саломатӣ имкони таваллуд карданро надоштанд, аз андоз озод карда шуда буданд.