Formula novemver 2024
Сӯҳроб Султонов: Духтурон поямро 5 бор бурида, маро якпоя карданд
1324


Сӯҳроб Султонов, сокини деҳаи Басманда, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич буда, аз як пой маҳрум аст. Ин марди 47-сола 7 сол боз бо як пой бо асобағал мегардад.

Сӯҳроб Султонов марди камбағал буда, сабаби маъюбияти худро дар меҳнати вазнин ва сари вақт муроҷиат накардан ба табибон медонад. “Ман то аз пой маҳрум гаштанам посбон будам. Посбонӣ ба назар як кори оддӣ намояд ҳам, масъулияти зиёде дорад, чунки гектар-гектар заминро пойи пиёда гашта, нигубин мекунӣ. Пештар мисли дигар мардони тоҷик ба Русия рафта мардикорӣ мекардам ва гарму сард нагуфта, дар мулки мардум барои як тикка нон ҷон мекоҳондам. Ҳамин тавр каме маблағҷамъ крадам ва ба деҳа баргашта, сохтмони хонаро оғоз кардам, вале якбора саломатиам вайрон шудан гирифт. Замони дар Федератсияи Русия будан ба фикри худам поямро хунук зада будааст, ки кам-кам ба дард кардан даромад. Гӯр дар сари камбағалӣ, хароҷоти зиёд мешавад гуфта ба беморхона нарафтам. Зиндагиам беҳтар шавад гуфта, бо пойи дардманд сангҳои калону вазнинро бардошта, корҳои сохтмониро идома медодам. Як поям доим дард кунад ҳам, бар замми корҳои сохтмонии манзилам боз дар заминҳои кишт посбонӣ мекардам. Камтар роҳ гардам, поям варам мекард. Ҳамин тавр баъди чанд вақт аз ду ангушт сар карда, поям ба хушк шудан сар кард. Аввали соли 2017 якбора ду ангушти поям сиёҳ шуда монд ва ман ба табибони ноҳияи Деваштич (он вақт Ғончӣ буд) муроҷиат намудам.

Духтарони ноҳия бидуни он ки анализ бигиранд ва ҷавобашро интизор шаванд, мисли устои арра ба даст поямро аз зону поён буриданд. Дарде, ки баъди буридани поям кашидам, забон дар тасвираш оҷизӣ мекашад, вале азбаски мард ҳастам, ба ҳамааш тоқат мекардам. Баъди ба деҳа баргаштан ҷойе, ки бурида буданд, бӯй гирифт. Дидем, ки вазъи поям хеле бад аст, дубора ба духтурони Ғончӣ муроҷиат кардам, аммо онҳо идомаи табобати маро ба зимма нагирифтанд. Маҷбур шудам, ки роҳи беморхонаҳои шаҳри Хуҷандро пеш гбигирам”-қисса мекунад Суҳроб.

5 бор ҷарроҳӣ карда, маъюб шудам

Аз нақли ин марди маъюб чунин бармеояд, ки 5 маротиба пай дар пай ҷарроҳӣ шуда, оқибат аз як пой ба пуррагӣ маҳрум гаштааст. Сӯҳроб аз он афсӯс мехурад, ки “пули бисёр сарф мешавад” гуфта, сари вақт ба табибон муроҷиат накард ва бе ташхис пояшро бурида, ба гирдоби дард гирифтор шуд.

“Бисёр вақт худ ба худ фикр мекунам, ки агар ман ҳам одами бою бадавлат мешудам, шояд ба ин рӯз намерасидам. Ҳоло аз худам шарм медорам. Бечора занам аз рӯзе, ки пойи маро буриданд, ҳолаш зор гашта, сарсону саргардон аст. Вай ночор бо ду фарзанди ноболиғ дар мактаби №42-и деҳа фаррошӣ мекунад. Тамоми кори хонаю саҳро ва нигобини мани маъюбу ду кӯдак ва тозакунии синфхонаҳо бар дӯшаш бор шуда бошад ҳам, маҷбур аст, ки ба ҳамааш тоқат кунад”-мегӯяд Сӯҳроб Султонов.

Ин марди маъюб аз он шиква дорад, ки пештар аз пардохти пули барқ озод буданд, вале баъди як баҳси кӯчак бо масъулини маҳаллӣ аз ин дастгирӣ низ маҳрум гаштанд.

“Тамоми пули мардикорию посбониямро дар ба дари духтурон гашта сарф кардам ва бар ивазаш аз пои равон маҳрум шудам. Баъди поямро аз бехаш буридани духтурон хостем пойи сунъӣ насб кунем, аммо вақте ки ба шаҳри Хуҷанд, ба ҳамон ҷойе, ки притез мемонанд, рафтем, талаб карданд, ки аз духтуроне, ки поямро буридаанд, қоғази кафолат орем. Ба беморхонаи вилоятӣ, ба ҷойе, ки ду бор амалиёти ҷарроҳии ман он ҷо гузашта буд, рафта “қоғази кафолат даркор будааст” гуфтем, вале табибон ҷавоб доданд, ки ин хел гап дар ягон ҷо нест ва мо чунин қоғазро намедиҳем.

Чаро Сӯҳроби якпоя маъюби гурӯҳи сеюм аст?


Суҳрб Султонов аз як пой пурра маҳрум буда, тамоман қобилияти корӣ надорад, илова бар ин, дар ҳавои гарм дарди сари шаддид ӯр азият медиҳад ва ҳатто бо асобағал ба берун баромада наметавонад, дар ҳавои борониву сард бошад, пояш дард карда, пурра хонашин мешавад, аммо бо вуҷуди ин, маъюби гурӯҳи 3-юм буда, ҳамагӣ 108 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирад. Ин оилаи ниёзманд ду кӯдаки ноболиғ дошта бошанд ҳам, Суҳроб Султонов аз имтиёзҳое, ки дигар маъюбон дранд, аз ҷумла пули барқ, андози замин ва ғайра баҳравар нест. Ин мард тавассути ин матлаб мехоҳад масъулини тандурустии ноҳияи Деваштич бори дигар категорияи маъюбии ӯро дида бароянд.
Умедворем, ки кормандони соҳаи тибби ноҳияи Деваштич ба доди Сӯҳроби маъюб расида, гурӯҳбандии маъюбияташро аз нав дида мебароянд ва масъулини кумитаи маҳалла ҳадди ақал дар масъалаи пардохти барқаш (50% карда) мусоидат мекунанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД