arzon replenishment
Сояи сиёҳи бадномӣ Қисми 2
14.01.2023
Дилошӯб
1897

                         Доманбохта

Пас аз гузаштани ҳама маъракаҳо Гулбаргу Фарҳодро якҷоя карданд. Дар дили духтар на тӯй меғунҷиду на сӯр ва на нози гардани ба ӯ дар шаби аввал туҳфа намудаи Фарҳод. Гулбарг як сӯ ғами модарашро мехӯрду як сӯ ғами шармандагияшро. Домод ошуфтагии арӯси нозанинашро аз ғами модар дониста, чор-панҷ рӯзи аввал танҳо Гулбаргро меҳрубонӣ мекарду халос. Дар ин муддат Хуршеду Садбарг омада, бо онҳо хайру хуш карда, ба Маскав, ба ҷойи кори Хуршед рафтанд. Хуршед ба Гулбарг ваъда дод, ки хоҳарашро мисли гавҳараки чашм азиз дошта, худи ҳамин сол ӯро ба коллеҷи тиббӣ дохил мекунад. Чашмони маҳзуни Садбарг шарораи шодӣ доштанд. Шаби шашуми арӯсияшон Фарҳод бо Гулбарг қаробат ҷуста, арӯсашро нодухтар ёфта, дуд аз димоғаш баромад, вале доду фарёд набардошта, бо мулоимӣ аз ӯ пурсид, ки чаро шармандагияшро дониста, ба ӯ хонадор шуд? Гулбарг бо ашки шашқатор аз палидии писараммаи фосиқаш нақл карду ба Фарҳод гуфт:

- Ту ҳақ дорӣ, ки маро чун саг аз хонаатон ронӣ ва ман гуноҳамро ба гардан мегирам, ҳарчанд ҳамон вақт зӯрам ба он ҳайвон нарасида буд…

Пеши назари Фарҳод симои зарду бечораи холаи меҳрубонаш падид омаду арӯсашро бахшид, ба бахшидан бахшид, вале дилаш косаи хун буд…

                 Болои сӯхта намакоб

Бо гузаштани як моҳ муносибатҳои зану шавҳари ҷавон каме гармтар шуданд, Гулбарг Худоро шукр мегуфт, ки Фарҳод сирри шармандагияшро набаровард ва аз ҷону дил хизмати аҳли хонаводаро мекард.

Як нисфирӯзӣ онҳо рӯи кат хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрданд, ки дарвозаашон тақ-тақ шуд. Гулбарг онро кушода, дар рӯ ба рӯяш Каромат ва Моҳро дид. Аммазодаҳояш дар даст як торт ӯро хабаргирӣ омада буданд. Ӯ бо Моҳ вохӯрӣ карда, ба рӯи Каромат нигоҳ ҳам накарда бошад, ҷавони хира дасти ӯро гирифта метаконду метаконд, “табрик-табрик” гӯён, ҳеҷ дасташро сар намедод.

"Фарҳод инро аз дурӣ назора карда истода, рост назди меҳмонон омад. Каромат инро дида, дасти Гулбаргро сар дод… Моҳ нигоҳи саволомези Фарҳодро дида, гуфт:"

- Мо аммазодаҳои арӯсат мешавем.

Ранги ҷавон аз шунидани ин суханон канду гуфт:

- Аз вохӯрии гармат маълум, ки ту Кароматӣ…

Чун Каромат бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд, Фарҳод ба баногӯшаш муште фароварда, фарёд зад:

- Ҳа, гумон кардӣ, ки тайи табақи туро нафаҳмида, зан карда гаштааму барои табрики бефаҳмии ман омадӣ!?

Агар холаи Басбӣ дахолат намекард, шояд Фарҳоди машқдида Кароматро дар назди дарвозаашон мекушт.

                           Зиндагии нав

Худи ҳамон рӯз Гулбарг ба насиҳатҳои хушдоманаш гӯш накарда, тайи як курта аз деҳа ба шаҳр омад. Аммааш гуноҳи содиркардаи писарашро фаҳмида, ӯро маҷбур кард, то бо Гулбарг хонадор шавад. Вале Гулбарг ба ин издивоҷ розӣ нашуду дар боғчаи бачаҳои наздикии хонаашон ба ҳайси мураббия ба кор даромада, ба риштаи ғоибонаи донишгоҳ дохил шуд. Моиндараш зани хубе буд ва бо маслиҳати ӯ ба марди аз занаш бо ҷурми бефарзандӣ ҷудошудае ба шавҳар баромад. Гулбарг пеш аз бастани ақди никоҳ ба Анвар тамоми саргузашташро нақл кард… Инак, бисту ду сол аст, ки онҳо зиндагии тинҷу осуда доранд. Писари калонӣ - Бахтиёр дар курси сеюм, Зуфнуна бошад, дар курси аввали Донишгоҳи тиббӣ мехонанд, пайрави падар шуданиянд. Нозӣ дафтари зиндагии талхашро чандин сол боз варақгардон накарда буд, вале имрӯз ба хотири Зуфнуна онро бо дард варақ зад…

Духтар саргузашти талхи модарашро шунида, аз гуфта пушаймон ӯро ба оғӯш кашида, узр пурсид. Аз рӯи нақли Зуфнуна, дар истгоҳ зане ӯро дида мегӯяд, ки модари ту Гулбарг ном дорад? Чун духтар инро тасдиқ мекунад, он зан бо афсӯс мегӯяд, ки модарат мисли худат келинчаки зебо буд, вале намедонам барои чӣ бошад, аз ҳамсояписари мо Фарҳод ҷудо шуд…

ДИЛОШӮБ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД