Гулбарг дар ошхона ба пухтани хӯроки шом машғул буд, ки духтараш аз дарс баргашт. Зуфнуна мисли ҳарвақта модарро оғӯш нагирифтаву набӯсидаву бедимоғ ба ҳуҷраи хобаш даромад.
Дили модар аз ин рафтори духтар вайрон шуду баъди паст кардани оташи зери дег наздаш даромада, аз ӯ аҳвол пурсид. Зуфнуна дилу бедилон ба саволҳои очааш ҷавоб доду тарошаи аз бом афтода барин гуфт:
- Оча, шумо пеш аз падарам шавҳар карда будед?
Гулбарг фурсати ҷавоб ба ин саволи фарзандашро наёфта, ӯ боз пурсид:
- Чаро ҷудо шудед?
Гулбарг ҳеҷ гумон надошт, ки сояи сиёҳи бадномияш то имрӯз ӯро таъқиб мекунад ва саргузашти талхашро ба духтараш нақл кард…
Ҷодаҳои тақдир
Падари Гулбарг бо додари хурдияш рост нагирифту ӯ зану ду духтаракашро гирифта, ба пойтахт кӯч баст. Хонаеро ба иҷора гирифта, ба зану фарзандонаш доду худаш барои мардикорӣ ба Русия рафт. Модари хонадон дар ошхонае ба ҳайси зарфшӯ кор мекарду Гулбаргу Садбаргро низ ҳамроҳаш мебурд, то дар хона балоеро ба сар наоранд. Ҳамин тавр, духтарон то нисфирӯзӣ дар мактабу баъд дар хоначаи пасту бӯини зарфшӯии модар ба воя расиданд, пулҳои фиристодаи падарро ҷамъ карда, хонаи якҳуҷрагиеро харидорӣ карданд. Падарашон ҳам омада мерафт. Духтарон дар бозор нуқтае доштанду ҳар гуна либосҳои кӯдакона мефурӯхтанд. Зиндагияшон як навъ пеш мерафт. Гулбаргу Садбарг яке аз дигаре зебову хушандом ва ҳунарманд буданду хостгорони зиёде низ доштанд, вале модар пеши худ аҳд карда буд, ки духтаронашро ба ҷавонҳое ба шавҳар медиҳад, ки хонаю дари алоҳида дошта бошанду азобе, ки худаш кашида буд, онҳо накашанд.
Бемории модар
Дар урфият мегӯянд, ки “ба даҳони камбағал нон расад, хун мешавад”. Рӯзигул, модари Гулбаргу Садбарг низ аз ҳамин тоифа будааст, ки баъди каме осоиштагӣ диданаш ба бемории саратони сина печид. Дили духтарон аз шунидани ин мусибат хун шуда бошад ҳам, пайи табобати модари азизашон талош мекарданд. Падари ғарибу афгорашон низ баъди шунидани бемории ҳамсари азияткашидааш ба ватан омаду як лаҳза аз бари ӯ дур намешуд. Хабаргирони модар зиёд буданд, хоса холаи модараш кампири Басбӣ ҳамроҳи фарзандонаш бо савғотиҳои зиёд ба аёдат меомаданду писаронаш аз ҷиҳати молиявӣ низ ба онҳо кумак мекарданд. Писарони холаи Басбӣ Рӯзигулро чун нишони ягонаи холаи сиёҳпичаашон хеле азиз медоштанду ҳатто ҳангоми харидани хона низ ба онҳо ёрии зиёде карда буданд. Падарашон чун дид, ки танҳо бо ёрии мардуму меҳнати духтаракон занашро табобат карда намешавад, боз ба Русия рафт. Гулбарг аз духтараммааш Моҳ ва додари ӯ Каромат низ хеле миннатдор буд, зеро зуд-зуд ба хабаргирии модараш меомаданд. Аммааш дар деҳа зиндагӣ мекард, Каромати донишҷӯ бошад, дар хонаи апааш, вале зуд-зуд ба хабаргирии духтартағоҳояш ба бозор мерафту гоҳи дигар ба ҷойи Гулбарг ҳамроҳи Садбарг ба савдо машғул мешуду Гулбарг бошад, беморбонӣ мекард.
Писараммаи фосиқ
Як рӯз аҳволи Рӯзигул бад шуду Гулбарг ӯро ба беморхона бурда хобонд. Каромат дар ин кор ёригари ӯ буд. Чун беморро хобонданд, Рӯзигул аз духтараш хоҳиш кард, ки чанд анҷоми заруриро барояш биёрад. Рӯзигул ҳамроҳи Каромат ба хонаашон баргашт. Духтар либосҳои модарро дар халтае андохта, назди дар монду писари аммаашро сари миз даъват намуд, ки як пиёла чой нӯшанд. Баъди нӯшидани чой ва суҳбати кӯтоҳ, Каромат гуфт:
- Гулбарг, ман туро дӯст медорам, аҳволи янгаам беҳтар шуд, модарамро ба хостгорӣ фиристода, туро ба занӣ мегирам.
Аз ин суханони писари аммааш табъи духтар хира гашта бошад ҳам, хастаҳолона пичиррос зад:
- Ҳоло ҷойи ин гапҳо нест…
Духтар имконияти аз ҷой хестан наёфта, Каромат балои осмонӣ барин ба Гулбарг часпида, ӯро бӯсидан гирифт. Ӯ ҳамин қадар талош кард, ки аз чанги писараммаи ба доми анкабути шаҳват афтодааш халос шавад, натавонисту ин палид доманашро доғдор кард. Гулбарг намедонад чанд соат карахту нимбараҳна дар лаби дастархон истода буд, танҳо вақте ба худ омад, ки Каромат табассуми аблаҳона дар лаб болои сараш пайдо шуда, гуфт:
- Либосҳои янгаамро додам, бегоҳ ҳам рафтани ту шарт нест. Моҳ барояш хӯрок пухта мебарад.
"Гулбарг аз ҷояш хеста, корди калони ошхонаро гирифту тарафи Каромат давида, фарёд зад:"
- Гум шав аз назарам, ҳаромӣ, бар падари ту ҳам лаънат, бар Моҳат ҳам! Агар як бори дигар поятро ба остонаамон мемонӣ, ба милиса арз мекунам.
Каромат бо ранги канда аз дар баромад…
Шодию ғам
Пас аз ин шармандагӣ Гулбарг ба худ наомада, модараш оламро тарк кард. То омадани падараш писарони холаи Басбӣ ҳама маросимҳоро гузаронида, модари нокомашро дар деҳа бари бибияш, ки ҳангоми тавлиди Рӯзигул сари фарзанд рафта будааст, гӯр карданд. Садбаргу Гулбарг низ чанд рӯз дар деҳа монданд. Рӯзи охирини дар деҳа буданашон холаи Басбӣ онҳоро назди худ хонда, насиҳатомез гуфт:
- Духтарони азизам, модари шуморо момаатон, яъне модари ману момаи модаратон аз серӯзагияш калон карду ӯ ба гапи мо надаромада, ба падри шумо ошиқ шуда, чунин раҳрезу порез шуд. Имрӯз ӯ нест, вале ман ба хотири апаам ба шумо як таклиф дорам, бо падаратон маслиҳат кунед, Гулбаргро худам барои писари хурдиям Фарҳод келин мегираму ту - Садбаргро бошад, додарам барои писари калонияш Хуршед, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Ман мехоҳам, ки шумо хушбахт бошед, падаратон бо он аҳволе, ки дорад, қудрати шавҳар додани шуморо надорад.
Нисор - падари духтарҳо аз шунидани ин таклиф хурсанд шуд ва пас аз додани чили занаш духтаронашро бо як коса об никоҳ карда, ба хешони занаш дод. Бо сарварии холаи Басбӣ писаронаш барои арӯсон ҷиҳози арзандае харидорӣ намуданд, ки мардум ба ҳайрат омаданд. Хоҳарони Нисор низ аз кушода шудани бахти ҷиянҳояшон хурсанд, бо туҳфаҳои зиёд ба тӯй омаданд. Танҳо Каромат ба табрики тағодухтарҳояш наомад.
Давом дорад