Sebiston new 2024 october
Соус бо моҳӣ
2596

Маҳсулоти лозима:

  • Моҳӣ 3 порс – 180 грам
  • Соуси соя (Соевый соус) - 75 мл
  • Уксус – 15 мл
  • Мурч – 1 қошуқча
  • Сирпиёз – 3 дона
  • Равғани офтобпараст – 50 мл
  • Афшураи сирпиёзии “Слобода”

Тарзи таҳия:

Моҳиро тоза карда, реза кунед ва дар яхдон як соат нигоҳ доред. Баъдан ба моҳӣ равғани офтобпараст ва мурч кунед ва болояшро пӯшонда алоҳида гузоред.

Барои соус сирпиёзро 3донаашро реза карда, дар зарф гиред ва як қошуқ соуси соя (Соевый соус) 1 қошуқ уксус, 1 қошуқ асал, илова карда хуб омехта кунед. Тобаро дар оташи паст гузоред, равғани офтобпараст илова карда моҳиҳоро пазед.

Моҳиҳо, ки пӯхтанд, дар зарфи алоҳида гиред. Ба тоба соуси омодакардаро резед ва дар оташи паст гузоред 2 дақиқа таф диҳед то ки бӯйи сирпиёз барояд.

Баъдан, моҳиро ба тоба гирифта бо соус омехта кунед, дар 10 дақиқа омода мешавад. Моҳиҳо ки пӯхтанд хеле мулоим ва хуштаъм мешаванд.

Пасон моҳиро дар табақҳо монед, барги пиёз реза карда оро диҳед ва бо афшураи сирпиёзии “Слобода” ба рӯйи дастархон гузоред.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД