Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, бо шикаст додани варзишгари итолиёӣ Антонио Эспосито соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Парижи Фаронса шуд. Ӯ рӯзи 30-юми июл дар вазни то 81 кило ба майдон баромад.
Дар 16 соли охир ин медали аввалини ҷудокорони тоҷик дар Бозиҳои олимпист. Бори охир дар Олимпаиадаи Пекин-2008 Расул Боқиев дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило соҳиби медали биринҷӣ шуда буд.
Сомон Маҳмадбеков, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Фарес Бадавии фаластиниро шикаст дод. Ӯ дар даври севум бар Франк Де Вит аз Ҳолланд пирӯз шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо Сомон дар чорякфинал аз қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ мағлуб шуд.
Маҳмадбеков муборизаро дар даври тасаллобахш идома дода, ба паҳлавони узбек Шарофиддин Болтабоев ғолиб омад. Ӯ дар рақобати ҳалкунанда барои медали биринҷӣ бар Антонио Эспозитои итолиёӣ дастболо шуд ва медалро ба гардон овехт.
Дар вазни то 81 кило Таканори Нагасеи ҷопонӣ, ки дар финал Тато Григалашвилии гурҷиро шикаст дод, ба унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ мушарраф шуд.
Ҳамин тавр, дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Париж аз 14 варзишгари тоҷик 4 нафарашон рақобатҳои худро ба анҷом расониданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳанӯз як медали биринҷӣ дорад.