Arzon march 2024
Солҳои тиллоии Мастона Эргашева
626


Имрӯз яке аз устодони санъати тоҷик, ҳунарманди овозадор Мастона Эргашева ба синни мубраки 70-солагӣ расид!

Ин бонуи булбуловоз бо таронаҳои пурмаъно ва дилнишинаш дар дилу дидаи мардуми тоҷик ва ҳамзабонони бурунмарзии мо маъво гирифтааст. Дар сар то сари Тоҷикистон шахсеро пайдо радан душвор аст, ки номи Мастона Эргашеваро нашунида бошад ва ин ҳунарманди хушзавқро нашиносад.

Ин ҳунарманди асил солиёни зиёде рӯйи саҳнаи ҳунар ҷилванамоӣ кардааст. 17 соли охир Мастона Эргашева дар Консерватория Миллии Тоҷикистон ба шогирдон нозукиҳои “Шашмақом”-ро меомӯзонад. Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ ин устоди ҳунарро самимона бо ҷашни 70-солагиашон муборакбод гуфта ба Мастона Эргашева умри дарози пурбаракат ва парвози уқобонаро дар фазои ҳунар таманно доранд. Ҳамчун рамзи эҳтиром ва эътиқод ба ҳунари Мастона Эргашева мо саҳифаҳои дафтари зиндагии ин ҳунарманди машҳурро варақгардон мекунем...

                    Духтари деҳотӣ
Мастона Эргашева 26- уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Қумсангир (ҳозира ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон) ба дунё омадааст. Муҳаббати овозхонӣ ҳанӯз аз хурдсолӣ дар вуҷудаш ҷӯш мезад ва ҳамин буд, ки ба таври худомӯзӣ нозукиҳи рубобнавозию овозхониро аз худ намуд. Мастона пас аз хатми мактаби миёна рӯ ба шаҳри Душанбе меорад ва ҳамин тавр меҳри ҳунар ӯро муқими пойтахт мегардонад. Хаёлан китоби зиндагиашро варақ зада, худи ҳунарманд чунин қисса кардааст:
"Солҳои 1960 ва 1970 падару модарон дар деҳот намегузоштанд, ки духтаронашон барои таҳсил ба Душанбе раванд, вале шахсиятҳои шинхтаву соҳибэҳтиром ҳамон замон, аз ҷумла устоди каломи бедеъ Мирзо Турсунзода волидони маро бовар кунонда иҷзаташонро гирфтанд ва ҳамин тавр ман барои идомаи таҳсил ба шаҳр омадам. Дар донишкадаи санъат панҷ сол таҳсил карда, соҳиби диплом гаштам ва баъдан оиладор шудам...”
Мастона Эргашева соли 1978 ба ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба кор даъват шуда, дар он ҷо 25 сол фаъолият намудааст. Солҳои 1985 то 1987 роҳбари бадеии ансамбли “Шашмақом” буд. Худи ҳунарманд ин солҳоро давраи тиллои умраш номида зимни сӯҳбат мегӯяд:
“ 25-соли фаъолиятам дар “Шашмақом” солҳои тиллоии ман буданд. Мо бо ҳамаи ҳунармандон дӯстӣ доштем ва аз ҳолу аҳволи ҳамдигар хабардор будем. Ман бо Нуқра Раҳматова ва Нигина Рауфова мисли апаву хоҳар будем. Мутаассифона, ҳоло чунин дӯстиро намебинам. Ҳоло ман санъаткореро намедонам, ки аз аҳволи санъаткори дигар хабар мегирифта бошад ё ба хонааш мерафта бошад. Он дӯстие, ки мо доштем, дар миёни ҳунармандони ҳозира қариб ки дида намешавад. Шояд ҳоло санъаткорон серташвишу серкор шуда бошанд. Намедонам ман аз онҳо дурам ё онҳо аз ман дуранд!”
Дар идомаи сӯҳбат ин устди санъати тоҷик нигаронӣ кардааст, ки маро ба чорабиниҳои фарҳангӣ, ки байни Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, даъват накарданд, ҳатто ҳамчун тамошобин. Шояд ба хотири синну солам рафтан бошад.

Мо бори дигар Мастона эргашева, ин ин ҳунарманди нотакрори тоҷикро бо 70-умин солгарди умрашонро самимона муборакбод мегӯем ва барояшон зиндагии ободу саломатии бардавом хоҳонем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД