Санаи 26-уми октябр бо ибтикори Фонди хайриявии “Музаффар“ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар маҷмааи «Community» таҳти унвони «Солимии зан - солимии миллат» ҳамоиш баргузор гашт.
Чунин ҳамоиш бори аввал дар ҷумҳурӣ доир гашта, дар он зиёда аз 100 нафар занону духтарон иштирок доштанд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва расонидани иттилооти саривақтӣ ба бонувон ҷиҳати пешгирии бемориҳои гуногуни занона баргузор гашта, дар он фаъолони ҷомеа, намояндагони ташкилоту идораҳои гуногун ва табибони ботаҷриба иштирок ва табодули назар намуданд.
Мубориза бо касалиҳои сироятӣ, махсусан бемориҳои сироятии ҷинсӣ, танзими оила, риояи ҳатмии фосилаи байни таваллуд, пешгирии бемориҳои занона, хоса саратони узвҳои занона ва беҳдошти ҳолати равонии бонувон аз мавзӯъҳои марказии ҳамоиши “Солимиизан-солимии миллат” буданд.
Тавре ки Манзура Тоҳирҷонова, директори фонди хайриявии “Музаффар” зимни суҳбат бо мо гуфт:
- Шумораи занони мубталои саратон дар ҷумҳурӣ сол то сол афзуда истодааст. Ин падида падидаи глобалӣ аст. Саратон натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон имрӯз яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Ба хотири пешгирии беморӣ мо иқдом намудем, ки лоиҳаи махсусеро таҳти унвони “Зиндагӣ бидуни саратон” амалӣ созем. Ин лоиҳа муддати ду сол идома дошт. Мақсади асосии лоиҳа расонидани иттилооти зарурӣ ба занон дар бораи роҳҳои пешгирии саратон буд ва мо бо нақли сарнавишти илҳомбахши заноне, ки ин бемориро мағлуб намудаанд, кӯшиш кардем дигар гирифторони саратонро умеди зиндагӣ бахшем”.
Дар рафти чорабинӣ байни бонувон ва табибон саволу ҷавоб сурат гирифта, занону духтарон ба бисёр саволҳои худ дар боби роҳҳои ҳифзи саломатӣ посух гирифтанд.
Таъкид карда шуд, ки саломатӣ неъматӣ бебаҳо буда, ҳар як шахс, махсусан бонувон бояд солимии ҷисмонӣ ва рӯҳию равонии худро эҳтиёт намоянд, зеро солимии ҷомеъа ба саломатии зан-модар сахт вобастагӣ дорад.