Имрӯз, 18-уми ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллаии занони соҳибкор чорабинии бошукуҳ бо дастгирии дафтари Созмони Миллали Муттаҳид – занон дар Тоҷикистон, намояндагони барномаи рушди СММ дар кишвар ва ҷалби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, бахши хусусӣ , шарикони рушд ва намояндагони ВАО, дар меҳмонҳонаи “Ҳаят” баргузор гардид.
Матлубохон Сатториён, муовини Сарвазири ҶТ бо сухани ифтитоҳӣ чорабиниро оғоз намуда, дастгири ёфтани занони соҳибкорро, яке аз пешравиҳои соҳаи иқтисоди кишвар номид.
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинии боҳашамат муаррифии имкониятҳои мавҷуда ва нақшаҳои оянда барои занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд буда, мубодила таҷрибаи байналмиллаӣ , ҷиҳати фароҳам овардани имконият барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, ба намоиш гузоштани маҳсулот ва хизматрасониҳои занони соҳибкори тоҷик , мурраифии идеяшои соҳибкорӣ маҳсуб меёбад.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҳукумати кишвар ба ин самт диққати махсус дода, бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, як қатор ислоҳоти самаранок татбиқ намудааст, ки махсусан барои бонувони соҳибкор дастгирии манфиатовар маҳсуб меёбад.