(Идомааш)
Ҳамон шаб ҳоли домоди бачилла хеле бад шуд. Тилав дам ба дам қайъ мекард, таббаш низ баланд шуда, гӯиё дар кӯрраи оташ месӯхт. Хостанд духтур даъват кунанд, вале “эй ин қадар воҳима накунед, ба ман ягон чиз нашудааст. Эҳтимол ягон хӯриш ё хӯроки хӯрдаамон ба миҷози ман рост наомада бошад. Худо хоҳад, то саҳар нағз мешавам” гӯён, иҷозат надод, ки ба “ёрии таъҷилӣ” занг зананд.
Оре, ин ҷавони ормонӣ боварӣ дошт, ки то саҳар ҳамааш мегузарад, вале ҳолаш лаҳза ба лаҳза бадтар шуда, қарибиҳои субҳдам ба хунпартоӣ сар кард. Аз даҳони домоди бачилла пора-пора хун меомад.
Модар талхакаф шуда ба сӯйи хонаи духтури маҳалла давид, вале вақте ки табиб аз дар даромад, аллакай кор аз кор гузашта, тилав дар бағали арӯси якмоҳааш ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурда буд...
Садои “воҳ балам” гӯии модари зор ба фалак печида, тамоми маҳалларо аз хоб бедор кард. Ҳаққу ҳамсояҳо ба ташвиш афтида ҷониби хонаи Ҳоҷарой медавиданд.
Вақте ки апаҳои Тилав саркану покан аз дар даромаданд, домоди ормонӣ аллакай бо манаҳи баста дар рӯйи хона мехобид ва арӯсаки сиёҳбахташ рӯю мӯяшро канда зор-зор нола мекард...
Кампири Ҳоҷарой аз сӯзиши дил гоҳ ба ҳуш меомаду гоҳи дигар аз ҳуш мерафт.
Вақте ки мурдашӯйҳо бо нияти шустани ҷасад ба хона даромаданд, модари зор ба онҳо часпида, тавалло намуд:
-Илтимос, монед, ки пеш аз шустан як бор писарамро ба серӣ ба оғӯш гирифта, ҳамроҳаш видоъ кунам!
Мурдашӯйҳо натавонистанд инг хоҳиши модари ҷигарсӯхтаро рад кунанд.
Кампир куртаи писари нокомашро аз тан кашид ва якбора “воҳ” гуфта монд. Дар қафаси сина ва боз чанд ҷойи бадани тилави номурод доғҳои сиёҳ пайдо шуда буданд.
“Илоҳо хонаи душман сӯзад, ба писарам заҳр додаанд, заҳр” фиғон кашид кампири Ҳоҷарой ва аз ҳуш рафта, ба мисли чанори решагардон шуда гурсосзанон ба рӯйи ҷисми бе ҷони шаҳбачаи ормониаш афтид..
Қасами модар
Ба рӯйи кампир об пошидаю ба таги биниаш спирти нашотир дошта, базӯр ӯро ба ҳуш оварданд. Пеш аз ба хонаи охираташ гусел крадани Тилави ҷавонмарг модар ба норозигии мӯйсафедон нигоҳ накарда, докаи манаҳбанди ӯро кушода гирифт ва докаи дигареро ба мурдашӯйҳо дароз карда гуфт:
-Ман ин докаро ҳамчун рамзи интиқом ба шохи дарахт баста мемонам ва танҳо вақте онро мекушоям, ки худованд қотили писарамро ба сазояш расонад!
Ҳамин тавр ҷисми беҷони ин домоди ғуррамаргро бо нолаҳои зор ба водии хомӯшон гусел карданду баъди се рӯз модари ҷигарсӯхтааш ба бистари беморӣ афтид...
Алами талхи ҷудоӣ
Гулхумори нозанин бо макри Содиқ ҳамагӣ як моҳ пас аз тӯй аз ёри ба ҷон баробараш Тилавбердӣ абадан ҷудо шуда, ба гирдоби ғаму дард афтид. Арӯсаки сиёҳбахт тобу тоқати дигар дар ин хона зистанро надошт, зеро аз ин дару девор бӯйи бахти забунгаштааш ба машом мерасид. Ғаму дарди ҷонсӯзи ҷудоӣ арӯсакро девонаавзоъх карда монд. Акнун вай хаёлан бо шавҳари ҷавонмаргаш гап зада, гоҳ механдиду гоҳи дигар гиря мекард.
Тошбибӣ ва Ӯғӯлой ҳоли арӯси сиёҳбахтро дида, ба модарашон маслиҳат доданд, ки Гулхуморро бурда ба хонаи падару модараш монад.
-Ман дар ҷогаҳи беморӣ хоб, агар келин ҳам баромада равад, гӯшҳоям аз танҳоӣ мегиранд,-бо чашмони ашколуд гуфт Ҳоҷархола.
-Оча, ману хоҳарам бо навбат омада шуморо нигоҳубин мекунем, вале Гулхуморро ба хонааш гусел крадан лозим аст. Авзои арӯс беҷо аст, худо накарда, ягон рӯз худашро дор кашад ё ягон фалокати дигар рӯй диҳад, ба соҳибонаш чӣ ҷавоб медиҳем,-гуфт Тошбибӣ ва ба эътирози модар нигоҳ накарда, худаш келинро бурда дар хонаи қудо монд.
Рӯзе, ки арӯси писараш аз хона рафт, барои кампири Ҳоҷарой писараш гӯиё бори дуюм мурд. Модар аз дарди ҷигарсӯз мисли мори захмин ба худ мепечид, аммо тақдирро тадбир набуд...
Асои худо садо надорад...
Ҳамин тавр баъди рафтани келинаш кампир муддати як сол дар бистари беморӣ хобид. Духтарҳояш бо навбат омада ӯро нигҳубин мекарданд,аммо ҳоли модар беҳтар намешуд. Дар ин миён чанд маротиба ҳолаш тамоман бад шуда “ҳамин замон мемирад ё замони дигар шуд”, аммо кадом як қувваи ноаён намегузошт, ки кампир ба роҳатӣ ҷон ба ҷонофарин супорад.
Ҳамин тавр аз байн як сол гузашту сари соли Тилавбердии ҷавонмаргро доданд. Тошбибию Ӯғӯлой охирин маъракаи мотамии додари ғуррамаргашонро гузаронда, маслиҳат кардан д, ки пагоҳ ду-се муллоро оварда, модарашонро дуохонӣ мекунанд, аммо...
Субҳи рӯзи дигар садои гирву нолаи волидони содиқ ба фалак печид. Пас аз чанд лаҳза хабар расид, ки ҳангоми аз хӯҷанд баргаштан Содиқ бо мошинаш ба ҷарӣ паридааст. Аҷибаш он буд, ки бо паҳн гаштани хабари марги Содиқ кампири Ҳоҷарой, ки ду ҳафта боз беҳушу бе ёд мехобид, якбора чашмонашро кушод ва ҳатто як коса ҳайлов хӯрд.
-Аз куҷое овози гиря меояд,-пичирросзанон пурсид кампир аз духтараш Тошбибӣ.
-Дар хонаи ҳамсоя ҷаноза аст. Содиқ арӯсашро ба хонаи падараш ба Хӯҷанд бурда буд. Вақти бозгашт мошинаш ба ҷарӣ парида ба қаъри дарё афтидааст. Мурдаашро бо як азоб кашида баровардаанд. Мегӯянд, ки ягон ҷойи обод надорад. Устухонҳояш шикаста пора шудаанд, -оҳи сард кашида хабар дод Тошбибӣ.
Дар чашмони модар бо шунидани ин хабари шум ким-чихел оташаке дурахшон гашт ва зери лаб пичиррос зад:
-Беҳуда нагуфтаанд, ки таёқи худо садо надорад, баъди заданаш даво надорад. Қотили писарам ба ҷазояш расид, акнун мурам ҳам, дигар ягон ормон надорам...
Пас аз ин кампир ба духтаронаш амр кард, ки докаи манаҳбанди Тилавбердии ҷавонмаргро аз шохи дарахт кушоянд ва тоза шуста, дар ягон ҷойи тоза гӯр кунанд.
Тошбибию Уғӯлой ба маънои ин кори модарашон сарфаҳм нарафта бошанд ҳам, гуфтаҳояшро бе чуну чаро иҷро карданд.
Хоҳарон хурсанд буданд, ки модарашон ба худ омад ва ҳолаш рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, вале шоми ҳамон рӯз аҳволи кампир боз бад шуд ва дар байни чанд дақиқа ҷон ба ҷонофарин супурда, ин олами бевафоро абадан тарк намуд...