sebiston july new
СОДИҚ БА ҶӮРААШ ЗАҲР ДОДУ...
03.10.2020
ОИЛА
5367

 

Дар талвосаи ҷон

Аз дар бистари марг хобидани Ҳоҷар-хола муддати зиёд гузашта буд. Аҳён-аҳён ба худ омадани кампирро ба ҳисоб нагирем, ду ҳафта боз беҳуш мехобид. Духтари калониаш Тошбибӣ дар болои сари кампир нишаста, ба лабҳои ӯ бо пахта об мечаконд. Аз бисёр гиристан чашмонаш сурх шуда, қавоқҳояш варам карда буданд. Тошбибӣ вақти ба хона ворид шудани хоҳараш Ӯғулой ба ӯ саволомез нигарист:

-Эҳтимол модарам то қасос нагирад ором намешавад…

-Аз куҷо донам, шаб ҳам фақат Тиловбердии раҳматиро фарёд кард...

Аз ишқ то душманӣ як қадам

Тиловбердӣ ва Содиқ аз кӯдакиашон ҳамсояи паҳлӯ ба паҳлу буданд ва ҳамдигарро лагад зада калон шуданд. Ин ду ҷӯраи ҷонӣ чунон бо ҳам қарин буданд, ки якдигарро бародари қиёматӣ мехонданд, вале бо амри тақдир ҳарду ба як духтар ошиқ шуда, душмани ҷони ҳамдигар гаштанд. Гулхумор дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекард ва чунон хушрӯй буд, ки одами чашмаш ба ин нозанин афтода, орзу мекард бори дигар ин моҳтоби заминиро бубинад. Сдиқ ҳамеша аз паси ин парӣ давида гардад ҳам, духтар ишқи ӯро қабул накард, зеро дили Гулхумор ба тилавбердӣ моил буд. Ин ду дилдода гоҳ дар лаби чашмаву гоҳ дар поёни боғ бо ҳам мулоқот намуда, орзуҳои ширин мекарданд.. Қариб тамоми деҳа аз ишқи Тилавбердию Гулхумор огоҳ буданд, вале холаи Ҳоҷар аз моҷарои ошиқонаиписари ягонааш дарак надошт.

Бачаи талбидагӣ

Ҳоҷару Тошмат қариб 10-сол дар ҳасрати фарзанд сӯхта, дар ба дари муллову фолбин давиданд. Ниҳоят худованд оҳи дилашонро шунида, ба онҳо аввал пай дар пай ду духтар ва баъд як шоҳписар ҳадя кард. Тошмад, ки марди тақводоре буд, писари ягонаашро тилавбердӣ ном ниҳод. Духтаронашон тошбибию Ӯғӯлойро дӯстдоранд ҳам, умеди зану шавҳар ба писари ягонаашон буд. Зану шавҳар доштанд, ки Тилавбердии ба ҷон баробарашонро хонадор карда, ормон мешикананд ва дами пирӣ дар сояи давлати писар роҳат мекунанд, аммо...

Марги шавҳару азобҳои зани танҳо

Тилавбердӣ ҳанӯз мактабхон буд, ки падараш Тошмат аз тут афтид ва раги гарданаш канда шуда, дар як лаҳза ҷон дод. Ҳоҷарой дар сӯги шавҳари меҳрубонаш хун мегирист, вале замин сахту осмон баланд буд ва тақдири шумро тадбир карда намешуд. Зани танҳо миёнашро маҳкам баста, бо сад ранҷу азоб маъракаҳои мотамии шавҳарашро бо обрӯ гузаронд ва соябони сари фарзандонаш гашт.

Ҳоҷарой нав ба 35 қадам гузошта, ҷавонзани зебову дилкаше буд. Пас аз сари шавҳараш ба ӯ чанд марди занмурда талабгор шуданд, аммо ба хотири ду духтару як писари талбидагиаш дигар шавҳар накард. Намехост фарзандонаш пеши пойи паиндар хру зор шаванд. Бо умеди он ки дар пирӣ дар сояи давлати фарзандонаш роҳат карда, куфти ранҷу азобҳояшро мебарорад, ҳастии худро ба бачаҳояш бахшида буд ин зани мардонадил, аммо...

Духтар-моли мардум

“Духтар-моли мардум аст” гуфтани халқ беҳуда нест. Тошбибию Ӯғӯлой пайи ҳам ба воя расиданд ва мисли ду кабӯтари сафед лонаи бахти худро бунёд намуда, модарро танҳо гузошта рафтанд. Тошбибиро ба Шукур даҳмарда расиду Ӯғӯлой шавҳари савдогар кард. Холаи Тошбибӣ шукрона мекард, ки духтарҳояш бо обрӯ ба шавҳар баромада, зиндагии тинҷу осуда доранд, вале дар як ҳавлии калон бо писараш танҳо монда, зиқ мешуд. Модар хеле мехост ҳарчи зудтар сари писари ягонаашро ҷуфт карда, соҳиби набераву абера шавад. Модар орзу дошт, ки хонааш аз садои хандаву қаҳқаҳаву шӯхию бозии кӯдакон пур шавад, аммо...

Сирри фошгашта

-Падур модари Содиқ ба хонаи Гулхуморино хостгорӣ рафтаанд,-хабар овард духтари хурдиаш Ӯғӯлой.

-Аҷаб хабари хубе овардӣ, духтарам. Илоҳо қушапир шаванд,-даст ба дуо бардошт модар.

Ӯғӯлой норозиёна ба модараш нигарист.

-Чаро ин хел нигоҳ мекунӣ? Гулхумор гул барин духтари зебо, Содиқ ҳам бачаи бад нест, ҳардуяшон ҷуфти муносибанд,-ба маънии нигоҳи теғдори духтараш сарфаҳм нарафта гуфт Ҳоҷар-хола.

-Оча, охир писаратон ин духтарро дӯст медорад, дили Гулхумор ҳам ба Тилав кашол аст,-забон хоида, сирри бародарашро фош кард Ӯғӯлой.

-Онҳо Лайлию Маҷнунанд гӯй! Боз ман ҳайрон будам, ки чаро вақтҳои охир Содиқ пояшро аз хонаи мо кандааст. Маълум мешавад, ки аз рӯйи ҳамин духтар гапи ин ду ҷӯраи ҷонӣ гурехтааст. Ҳоло тилав биёяд, ман бо вай ҷиддӣ гап мезанам!

-Оча, додарам ягон айб надорад. Духтар худаш ба тилав ошиқи зор шудааст. Вай мишқи содиқро қабул накарда бошад, айби тилав чист?! Содиқ бояд ҳамчун мард ба тақдираш тан медод,-Ӯғӯлой инро гуфта, азми ба хонаи шавҳараш рафтан намуд ва таъкид кард, ки модараш дар ин бора ба Тилав лаб накушояд.

Канӣ бинем, падару модари Гулхумор чӣ мегӯянд, агар онҳо хостгории волидони содиқро қабул кунанд, мо ҳам ба тақдир тан дода, ҳамчун ҳамсоя дар тӯяшон рақ мекунем, вале рад кунанд, он гоҳ кулчаю тӯша карда, хостгорӣ меравем,-маслиҳат карданд очаю духтар...

Рӯзи васли ошиқон

Гулхумор ду пояшро ба як мӯза андохта “маро кушед ҳам ба Содиқ намерасам” гуфтааст. Падару модараш исёни духтарро дида, лаълии хостгоронро пас гардонданд. Тилавбердӣ бо шунидани ин хабар хурсанд шуда, модару апаҳояшро ба хонаи дӯстдоштааш ба хостгорӣ фиристод.

Волидони Гулхумор, ки аллакай аз муҳаббати духтарашон огоҳӣ доштанд, корро кашола надода, худи ҳамон шаб рӯймолак дарронданд ва ошиқонро фотиҳа карданд.

Ҳамин тавр дар байни ду ҳафта тӯйи зебое ороста, кампири Ҳоҷарой келин фаровард. Хурсандии модарро ҳадду канор набуд. Акнун ӯ дар гирди арӯсаки нозанин парвонавор давр зада, сад бор худоро шукрона мекард ва орзу менамуд, ки зудтар нахли умри писару келинаш бор оварда, соҳиби набера шавад, аммо...

Макри ҷӯраи ҷонӣ

Аз байн тахминан як моҳ гузашт. Як бегоҳ Содиқ, ки қаҳр карда, ҳатто ба тӯйи домодии ҷӯраи ҷониаш наомада буд, бо лабони пурханда аз дарвоза даромад ва Тилавбердиро ба оғӯш гирифта, гуфт:

-Ману ту аҳд карда будем, ки бародари қиёматӣ мемонем. Ҳарчи, ки буд, гузашт, ҷӯраҷон. Ту хонадор шудӣ, ман ҳам ба наздикӣ зан мегирам. Биё, имшаб ҳардуямон якҷоя сари як пиёла чой нишаста, дубора дӯстиамонро барқарор месозем..

Тилавбердӣ “хӯрок аллакай тайёр аст, ба хона даро” гуфта бошад ҳам, Содиқи маккор “эй ҷӯра, ман аллакай дар як тарахонаи зӯр оши як ба як заказ карда, чанд ҳамсинфи дигарамонро ҳам хабар крадам” гӯён, кашолакунон доможди ҳанӯз чилааш набаромадаро бо худ бурд.

Вақте ки тилав ҳамроҳи Содиқ аз дар мебаромад, кампири Ҳоҷарой бо ҳавас ба қаду басти зебои писараш нигариста, аз дил гузаронд: “ҷомаи домодӣ ба писарам аҷаб зебидааст. Худо тилавҷонамро аз чашми бад нигоҳ дорад!”

-Очаҷон, шумо ҳамроҳи келинатон мазза карда мантуро хӯрдан гиред, ман имшаб бо ҷӯраҳоям камтар чақ-чақ кунам,-гӯён, Тилав аз рухсораи модарашг бӯсид ва азми рафтан кард.

-Бачам, ту ҳало домоди бачилла ҳастӣ. Ҷину аҷина ва деву париҳо аз паси арӯсу домоди бачилла гашта, пайти муносиб меҷӯянд, ки зарар расонад. Дар кӯчаҳои торик то як поси шаб гашту гузор накарда, зудтар ба хона баргард,-таъкид кард модар.

Тилав “эй очаҷон, шумо ба ин гапҳои кӯҳна бовар накунед, ягон хел ҷину аҷина вуҷуд надорад” гӯён, бо чеҳраи хандон баромада рафт.

Кампири Ҳоҷарой ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки деви одамсурате дар шакли дӯст писарашро аллакай ба доми худ афтондаасту балои азиме дар пеш ӯро нигарон аст....

Зиёфати марговар

Тилавбердӣ аз зиёфат бо рангу рӯйи кандагӣ баргашт. Модар ба ташвиш афтода сабаби паридани рангашро пурсон шуд.

-Намедонам, дилам беҳузур шуда истодааст,-посух дод Тилав ва сарашро дошта ба ҳамом даромад.

Ҳамон шаб ҳоли домоди бачилла хеле бад шуд. Тилав дам ба дам қайъ мекард, таббаш низ баланд шуда, гӯиё дар кӯрраи оташ месӯхт. Хостанд духтур даъват кунанд, вале “эй ин қадар воҳима накунед, ба ман ягон чиз нашудааст. Эҳтимол ягон хӯриш ё хӯроки хӯрдаамон ба миҷози ман рост наомада бошад. Худо хоҳад, то саҳар нағз мешавам” гӯён, иҷозат надод, ки ба “ёрии таъҷилӣ” занг зананд.

Оре, ин ҷавони ормонӣ боварӣ дошт, ки то саҳар ҳамааш мегузарад, вале ҳолаш лаҳза ба лаҳза бадтар шуда, қарибиҳои субҳдам ба хунпартоӣ сар кард. Аз даҳони домоди бачилла пора-пора хун меомад.

Модар талхакаф шуда ба сӯйи хонаи духтури маҳалла давид, вале вақте ки табиб аз дар даромад, аллакай кор аз кор гузашта, тилав дар бағали арӯси якмоҳааш ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурда буд...

(иИдомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД