Давоми як шабонарӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сӯхтори баландошёнае давр мезанад.
Дар он гуфта шудааст, ки ин бино воқеъ дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе буда, ошёнаҳои болоии бино бо сабабҳои то ҳол номаълум оташ гирифтааст.
Тибқи маълумоти шоҳидон ҳодиса тақрибан нисфирӯзии 9-уми июн рух додааст. Сомонаи “Парвиз ТВ" бо такя ба манобеаш гуфтааст, ки дар ин ҳодиса як тифл осеб дидааст, вале то ин замон расман иттилое тасдиқ нашудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷиикстон то ҳол ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Тафсилоти бештар ба зӯдӣ нашр мешавад!