Formula novemver 2024
СИТОРАИ ТЕАТРИ ТОҶИК АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ
1740

Ҳабибулло Абдураззоқов, коргардон ва ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик имрӯз, 19 январ дар синни 84 аз олам даргузашт. Ӯ ба сифати коргардон дар театрҳои тоҷик зиёда аз 30-намоиш таҳия кардааст.

Дар бораи марги Ҳабибулло Абдураззоқов фарзанди ӯ Шаҳбоз Абдураззоқов хабар дод.Ҳабибулло Абдураззоқов, хатмкардаи Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Москва (соли 1960 — факултаи актёрӣ ва соли 1964 — курсҳои олии коргардонӣ) мебошад. Ӯ Ҳунарпешаи Театри ҷумҳуриявии мазҳакаю мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Хуҷанд (1960—1961), ҳунарпеша ва коргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ (1961—1969), саркоргардони Театри ҷумҳуриявии мазҳакаю мусиқии ба номи А. С. Пушкин (1969—1971) ва Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов (1971—1972), ҳунарпеша ва коргардони киностудияи «Тоҷикфилм» (1973—1975), ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ (1975—2002). Аз соли 2002 муассис ва роҳбари бадеии аввалин театри ғайридавлатии «Падида». Солҳои 1987—1990 раиси Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон ва ҳамзамон солҳои 1987—1991 муовини аввалин Иттиҳодияи ходимони театрии ИҶШС буд.

Ҳоло фарзанди машҳури Ҳабибулло Абдураззоқов, коргардони саршинос Барзу Абдураззоқов аст, ки пешаи волидайни эҷодкорашро (модари Барзу, ҳунарпешаи театр Фотима Ғуломова) сарбаландона давом дода истодааст.

(БОЗНАШР АЗ PRESSA.TJ)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД