Вақте зиндагиномаи ситораҳои Голливудро варақ мезанед, бе ихтиёр ҳайрон мешавед.
Барои мисол кӣ бовар мекунад, ки барандаи «Оскар» барои беҳтарин нақши мардона Кристофер Уокен дар 16-солагӣ шерҳоро ром мекард. Албатта, бовар нокарданист, вале далел аст, ки ӯ дар Сирк айнан ҳамин корро анҷом дода, ризқу рӯзӣ меёфтааст.
Факти дигари ҷолиб аз зиндагии ситораи Голливуд ин аст, ки ӯ, ҳамзамон, шабона дар клуб бар ивази маоши муайян рақс мекард ва бо ҳамин ҳунараш, ҳатто дар яке аз клипҳои сарояндаи машҳури ғарб Мадона нақш бозидааст.