35 years of independency
Ситораи футбол -Роналду бо тими Партугалия худоҳофизӣ кард
56

Ситораи футбол -Роналду бо

тими Партугалия худоҳофизӣ кард

Ситораи дурахшони футбол Криштиану Роналду расман эълон кардааст, ки дигар дар ҳайъати дастаи мунтахаби Португалия бозӣ нахоҳад кард.

Роналдо имрӯз, 5-уми ноябр бо пахши як паёми кӯтоҳ гуфтааст, ки минбаъд дар ҳайъати тими Портулагия бозӣ намекунад, ҳарчанд, ки гирифтани чунин тасмим барояш хеле душвор буд.

“Вақти он расидааст, ки рақами 7-и дастаи миллиамонро канор гузорам. Ростӣ ҳеҷ гоҳ эҳсос намекардам, ки ин рақам танҳо ва танҳо ба ман тааллуқ дорад, аммо шарафи пӯшидани онро 23 сол доштам”, - гуфтааст ситораи футбол.
Ёдрас мешавем, ки моҳи сентябр дар бозӣ ба муқобили Норвегия байни сармураббии дастаи мунтахаби Португалия Жорже Жезуш ва ин ситораи футбол ифтилоф ба миён омада, сармураббӣ Роналдуи 41 соларо ба майдон набаровард. Пас аз муҷозот Роналду ба рӯйхати бозигарони даъватшудаи тими миллии Португалия барои бозиҳои моҳи ноябр ворид шуда буд, аммо ситораи футбол тасмим гирифт, ки тими миллии кишварашро тарк намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД