goodwell
Ситораи футбол Ламин Ямал парчами Фаластинро баланд бардошта, ба ғазаби яҳудиён гирифтор гашт
58

Ламин Ямал, футболбози машҳури дастаи "Барселона" бо боло бурдани парчами Фаластин дар маросими қаҳрамонии тим шӯру валвала барпо кард.

“Барселона”, ки Ламин Ямал дар он ҳунарнамоӣ мекунад, рӯзи якшанбе ба муқобили “Реал Мадрид” бозӣ карда, ғалаба ба даст овард ва рӯзи дигар бозигарони даста қаҳрамонияшон дар Ла лигаро бо мухлисон дар кӯча ҷашн гирифтанд. Ямал дар ин маросим парчами Фаластинро баланд бардошт. Ин амали ситораи футболро қисми зиёди мухлисон дастгирӣ карданд, вале исроилиҳо ва ҷонибдорони дигари яҳудиён ба танқиди шадиди Ламин Ямал сар карда, ӯро дар барафрӯхтани нафрат нисбат ба Исроил ва мардуми яҳудӣ гунаҳкор намуданд.

Аз ҷумла, вазири мудофиаи Исроил Катс Ламин Ямалро ба барангехтани нафрат алайҳи кишвараш муттаҳам намуда, гуфтааст, ки дар муқобили таҳрик алайҳи Исроил ва мардуми яҳудӣ хомӯш нахоҳад монд.

Аммо сарвазири Испания Педро Санчес аз Ямал пуштибонӣ карда, навиштааст: "Онҳое, ки барафрохтани парчами як кишварро "таҳрик ба нафрат" медонанд, довариро аз даст додаанд, ё аз шармандагии худ кӯр шудаанд. Ламин танҳо ҳамбастагӣ бо Фаластинро иброз кардааст. Эҳсосе, ки миллионҳо испониёӣ низ онро доранд. Сабаби дигаре барои ифтихор ба ӯ".

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл моҷарои овозхони машҳури ӯзбек Юлдуз Усмонова бо яҳудиён расонаӣ гашта буд ва бархе аз маъмурони Исроил талаб карданд, ки сароянда расман бахшиш бипурсад, вале дар посух ин ситораи мусиқии Шарқ гуфт, ҳаргиз пеши касе сар хам намекунад ва узр намепурсад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД