Рӯзи 27-майи соли 2020 Ситора Ҳакимоваи 17-сола аз хона баромада, бедарак гум шуд. Модари Ситора дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси духтарашро бо рақамҳои телефони худ гузошта, аз ҳамагон хоҳиш намудааст, ки агар духтарашро дар ҷое диданд ва ё ягон маълумот дошта бошанд, ҳатман ба ӯ хабар диҳанд.
Дирӯз хабарнигори сомонаи “Оила “ бо модари духтарак дар тамос шуд. Модари Ситора гуфт, ки як рӯз қабл телефони духтараш гирён шуд. Ӯ вайберашро пок карду баъд ба саҳифаи “Инстаграм”-аш ворид шуд. Пасон телефонаш пурра хомӯш шуд ва то ҳол дастнорас аст. Умедворам, ки имрӯз ё пагоҳ бармегардад.
Барои гирифтани иттилоъ дар бораи пайдо шудани Ҳакимова имрӯз такроран ба модари Ситора занг задем. Мутаассифона, ба зангҳои пайдарпайи мо касе ҷавоб надод. Сомонаи “Оила” ин масъаларо пайгирӣ намуда, маълумоти навро ба самъи хонандагон мерасонад.
Рақамҳои телефони модари Ситора Ҳакимова: (+992) 888681113; (+992) 928077013