Тибқи иттилои АМИТ “Ховар” имрӯз таҳти раёсати Сарвазири кишвар, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситод баргузор гардид.
Дар ҷаласа вазъи тадбирҳои вобаста пешгирӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус дар қаламрави мамлакат ва фаъолияти минбаъдаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 баррасӣ шуданд.
Бо назардошти муътадил шудани вазъияти паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситод қарор қабул намуд, ки аз 20-уми июн дар ҷумҳурӣ барои гузаронидани туйи хонадоршавӣ дар доираи то сад нафар меҳмон ва танҳо як маърака дар маҳалли истиқомат ё дигар муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла тарабхонаю ошхонаҳо бо риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ иҷозат дода мешавад.
Қаблан Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти маҳаллии кишвар супориш дода буд, ки то хубтар шудани вазъият барои баргузории тӯйҳо ба сокинон иҷозат надиҳанд.
Дар давраи маҳдудият идораҳои Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ никоҳи навхонадоронро сабт мекарданд, аммо худи тӯйҳо барпо намешуданд.
Тибқи маълумотҳои расмӣ ҳамасола дар кишвар наздик ба 80 ҳазор ҳолати издивоҷ сабт мешавад.