Лейлӣ Демарк дар синни 103 ба нафақа баромад, аммо ташхиси беморонро дар хона тариқи маслиҳати телефон идома медод.
Сирри дарозумрии ӯ ирсӣ нест, чун модари Лейли дар 45-солагӣ вафот кард ва падараш каме бештар аз 60 сол умр дид. Доруҳои муассир низ кафолати солимии ӯ набуданд, зеро Лейлӣ хеле кам дору истеъмол мекард, ҳарчанд духтури варзида ва яке аз таҳиягарони ваксинаи сулфа буд. Духтару набера ва аберагон бовар мекунонанд, ки калиди дарозумрии ӯ дар некбинӣ, ғизои дуруст ва муҳаббат ба касбаш аст. Ба гуфтаи худи Лейлӣ, сирри дарозумриаш дар ду омил аст: ғизои дуруст ва муҳаббат ба кор.