“Сипар” ва “Соро компания” барои медали тило мубориза мебаранд
26.12.2025
Oila.tj
63

Иштирокчиёни бозиҳои ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 муайян шуданд. “Сипар”-и Хуҷанд ва “Соро компания”-и Душанбе барои медали тило рақобат менамоянд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар марҳилаи нимниҳоӣ “Сипар” аз рӯйи ду вохӯрӣ бар “Амонатбонк” пирӯз шуд. Дастаи шаҳри Хуҷанд бозии аввалро бо ҳисоби 6:3 ва рақобати дуюмро бо ҳисоби мусовии 5:5 анҷом дод. Дар силсилаи пеналти “Сипар” бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуд.

Дар ҷуфти ниманиҳоии дигар “Соро компания” бар “Истиқлол” ду маротиба - 4:1 ва 3:2 ғолибият ба даст овард.

Ду бозии аввали финали Суперлигаи Тоҷикистон-2025 байни “Сипар” ва “Соро компания” рӯзҳои 27 ва 28-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Мувофиқи низомномаи мусобиқа, силсилаи ниҳоӣ то се пирӯзии яке аз дастаҳо идома мекунад.

Футзалбозони дастаҳои “Истиқлол” ва “Амонатбонк” барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Силсилаи ҷойи сеюм то ду ғалабаи яке аз иштирокчиёнро дар бар мегирад.

Қаҳрамони феълии мусобиқа дастаи “Соро компания” ба ҳисоб меравад, ки дар бозии ниҳоӣ бар “Истиқлол” ғолиб омада буд. Аз рӯи натиҷаи се бозӣ “Соро компания” се ғалаба бар “Истиқлол” ба даст овард. Дар бозии аввал дастпарварони Пайрав Воҳидов бо ҳисоби 3 бар 2, дар бозии дуюм бо ҳисоби 5 бар 2 ва дар бозии сеюм бо ҳисоби 4 бар 1 ғалабаро муқобили “Истиқлол” ба даст оварданд.

“Соро компания” қаҳрамони панҷкаратаи Суперлигаи Тоҷикистон аст. Қаблан тими "Соро компания" солҳои 2018, 2019, 2021, 2022 ва 2024 қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст. "Истиқлол" соҳиби нишонҳои нуқра ва "Сипар" соҳиби нишонҳои биринҷӣ шуда буданд. Соли 2023 “Истиқлол” ғолиби мусобиқа гардида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД