Сиёвуш Кенҷаев аз зумраи ҷавонони муваффақи тоҷикест, ки дар Донишгоҳи Шанхай таҳсил мекунад.
Ҳанӯз аз замони мактабхонӣ ӯ мехост дар Чин маълумоти олӣ бигирад. Бинобар ин, ба омӯзиши забони чинӣ пардохт.
Сиёвуш дар баробари таҳсил ба тиҷорат низ машғул аст. Ба Сиёвуш соҳибкорони тоҷикистонӣ молу маҳсулоти гуногунро фармоиш медиҳанд ва ӯ аз ин кишвар гирдоварӣ карда ба Тоҷикистон мефиристад. Молҳоро суғурта ва сипас ирсол мекунад. Зеро, дар ҳолати гум шудани мол, ширкати суғуртавӣ онро барқарор менамояд.
Тавре Сиёвуш қайд кард, “кори мо осон нест, вале онро дӯст медорам. Чун ҳоло дар риштаи тиҷорат таҳсил мекунам, фаъолият кардану таҷриба гирифтан хуб аст. Албатта, ин бароям манбаи даромади иловагист”.
Ҳоло Сиёвуш Кенҷаев бо бурсияи махсус 4 сол ройгон таҳсил мекунад ва ҳар моҳ 2,5 ҳазор юан идрор мегирад. Вай ба мисли аксари донишҷӯёни хориҷӣ дар Чин як сол ба забономӯзӣ ҷалб нашуд, балки дарсҳои ососии донишгоҳро бо забони чинӣ меомӯзад.
Айни ҳол ӯ тариқи шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” тиҷораташро рушд дода, аз имконоти ин шабака истифода мебарад. Пас аз хатми донишгоҳ мехоҳад дар Тоҷикистон ширкати боррасонӣ таъсис диҳад.