Дастаи мунтахаби Шветсия дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳӣ дар гурӯҳи F бар тими Тунис бо ҳисоби калони 5:1 ғалаба ба даст овард.
Бозӣ дар варзишгоҳи шаҳри Гвадалупаи Мексика баргузор гашта, бозингари дастаи мунтахаби Шветсия Ясин Айари ду маротиба тӯбро вориди дарвозаи Тунис кард. Бозингари дигари даста Александр Исак дар дақиқаи 30-юм тӯбро ба нишон расонида, ҳамзамон ду партофти олӣ намуд. Дар дақиқаи 59-ум Виктор Гиёкерес ба дарвозаи Тунис як тӯби дигар зада, дар дақиқаи 84-уми бозӣ Маттиас Сванберг ҳамагӣ 18 сония пас аз ворид шудан ба майдон гол зад ва ҳамин тавр тими Шветсия бо 5 тӯби ба ҳадаф расида дар зинаи аввали ҷадвал қарор гирифта, пешсафи мусобиқа гашт.
Аз дастаи Тунис голи ягонаро Омар Рекик дар дақиқаи 43-юми бозӣ ба самар расонида тавонисту халос.