Arzon march 2024
ШУҒНОНИҲО СОҲИБИ ЛУҒАТНОМАИ “ШУҒНОНӢ – ТОҶИКӢ – РУСӢ – АНГЛИСӢ” ШУДАНД!
1388

Як донишманди ҷавони тоҷик давоми 13 сол "Луғатномаи шуғнонӣ – тоҷикӣ – русӣ - англисӣ" - ро таҳия карда, аз ҳисоби худ нашр кардааст. Шервоншо Аламшоев, муаллифи луғатнома мегӯяд, ҳоло дар Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон ҳудуди 150 ҳазор нафар ба ин забон гап мезананд. Дар луғатнома тақрибан сӣ ҳазор калима гирдоварӣ шудааст.

Донишманди тоҷик дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар посух ба суоле, ки чӣ омиле сабаб шуд ба таҳияи чунин луғатнома иқдом кунад, гуфт “ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар соли аввали Донишгоҳи Хоруғ ба таҳияи луғат оғоз карда будам. Тоҷикон луғатҳои гуногун доранд, вале ҳарчанд забонҳои мухталиф дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, то ҳол луғати забони адабии тоҷикӣ ва шуғнонӣ ё тоҷикиву ишкошимӣ вуҷуд надошт. Ин иқдоми шахсии ман буд”.

Чопи се ҷилди ин луғат аз ҳисоби маблағи худи муаллиф нашр шудааст. Бар ивази сӣ ҳазор сомонӣ ӯ тавонист танҳо 500 адад луғатро нашр кунам. Давоми 13 сол барои таҳияи он ӯ ройгон кор кардааст.

Шервоншо Аламшоев донандаи забонҳои шуғнониву тоҷикӣ, русиву англисӣ ва олмонӣ ҳаст. Дар донишгоҳ забонҳои англисиву олмониро азхуд кардаам. Сипас, чанд сол дар шаҳри Санкт - Петербург машғули таҳқиқот будам ва бо чанде аз паҳлӯҳои илми забоншиносӣ ошно ҳастам. Дар ниҳоят ба натиҷае расидам, ки бояд як луғате таҳия кунам, то ин забон гум нашавад”.

Ӯ сабаби ба ин иқдом даст заданашро дар паҳншавии бештари забон дар байни аҳолӣ шарҳ дод. “Агар ба забонҳои помирӣ назар андозем, дида мешавад, ки забони шуғнонӣ дар миёни сокинон бештар паҳн шудааст. Бо ин забон дар Хоруғу Роштқалъа, дар Шуғнон ва дигар минтақаҳо муошират мекунанд. Ин забони модарии худам аст. Ҳамзамон, бар ин андеша ҳастам, ки забонҳои дигари Бадахшон низ бояд чунин луғатнома дошта бошанд. Масалан, забони ишкошимӣ, ки бо он дар Афғонистон чиҳил деҳа ҳарф мезаданд, аммо тибқи иттилои ахири Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳоло дар як қишлоқи он ҷо танҳо ду ё се нафар ба забони ишкошимӣ ҳарф мезананд. Ба забони ишкошимӣ бисёр иттилооти таърихӣ вуҷуд дорад”.

Шервоншо Аламшоев зимни мусоҳиба гуфт, ки забонҳои бадахшонӣ хат надоранд, ки ин як мушкилии калон аст барои онҳо. Ӯ аз қавли олимони хитоӣ мегӯяд, ки дар асрҳои гузашта миллатҳои мухталифи ин минтақа хатти худро доштанд ва он аз 26 ҳарф иборат буд, вале дертар хат гум шуд. “Ҳоло мо хати кириллӣ дорем, ки ба он баъзе аз ҳарфҳое ба мисли “ғ”, “қ”, “тз” ва “тс” ворид шудаанд. Забони форсӣ ё эронӣ боз қариб чил забон дорад, ки бархе аз онҳо ба мисли “татӣ”, “осетинӣ” ё “ванҷӣ” дар ҳоли аз байн рафтан қарор доранд”, - мегӯяд ӯ.

Таркиби ин луғатнома аз 30 ҳазор калима иборат аст. Аз ин рақам 4450 ибораҳо, 247 забудмасалу мақолҳо истифода шудааст.

Шервоншо Аламшоев соли 1986 дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон таваллуд шудааст. Аз соли 2005 то соли 2010 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ таҳсил карда, сипас, се сол дар Пажӯҳишгоҳи забоншиносии шаҳри Санкт - Петербурги Русия машғули таҳқиқоти илмӣ буд. Аз соли 2018 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи миллии илмии Тоҷикистон кор мекунад ва соли 2018 дар мавзӯи "Фразеологияи забони шуғнонӣ" рисолаи номзадиро дифоъ кардааст. Якҷо бо падараш, доктори илмҳои филологӣ Муқбиршо Аламшоев, муаллифи китоби "Грамматикаи забони шуғнонӣ" мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД