Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии саршумори бузи пармашох ё морхӯр гузаронида шудааст.
Шумораи морхӯр дар Тоҷикистон беш аз пеш афзоиш ёфта, имрӯз то ба зиёда аз 7 ҳазор сар мерасад. Дар ин хусус муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки баҳисобгирии саршумори бузи пармашох моҳҳои феврал-марти соли равон дар ноҳияҳои Данғара, Шамсиддини Шоҳин ва Дарвоз бо иштироки намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии хоҷагии ҷангал гузаронида шудааст.