Arzon march 2024
Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 379 кас расид
1386

 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки то имрӯз, аниқтараш 6-уми май, дар ҷумҳурӣ 379 сокини кишвар ба бемории коронавирус гирифтор гашта, 8 кас аз ин беморӣ ҷон бохтаанд.

Ба иттилои вазорат, то имрӯз дар муассисаҳои табобатии кишвар 3596 нафар зери назорати табибон қарор дошта, давоми шабонарӯзи охир 246 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш муроҷиат намоянд.

Ҳукумати Тоҷикистон 30-юми апрел бори аввал аз сироят шудани 15 нафар сокинони кишвар ба коронавирус хабар дод. Ин рақам субҳи 2-уми май ба 32 кас, шоми 2-уми май ба 76 кас, шоми 3-юми май ба 128, шоми 4-уми май ба 230, шоми 5-уми май ба 293 нафар расид.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД