Arzon march 2024
Шумораи гирифторони коронавирус чӣ қадар шуд?
2140


Давоми 24 соат-и рӯзи гузашта дар Русия 1, 194 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус расман ба қайд гирифта шудааст. Дар Хитой барои нахустин бор, пас аз сар задани эпидемия, дирӯз ягон нафар аз ин вирус ба ҳалокат нарасидааст.

Ҳамзамон, тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинси Амрико шумораи гирифторон дар ин кишвар 368 000 мебошад. Испания з рӯи шумора дар ҷои дуюм (136 ҳазор), Италия дар ҷои сеюм (132 ҳазор), Олмон (103 ҳазор) дар мавқеи чорум, Фаронса дар зинаи панҷум (98,9 ҳазор) қарор доранд. Чин, ки маҳз дар он ҷо пандемия сар шуда буд, аз рӯи шумораи гирифторони дар ҷои шашум қарор дорад (82, 6 ҳазор нафар, дар ҳоле ки 77 ҳазор аллакай шифо ёфтанд).
Дар маҷмӯъ 73, 703 нафар аз коронавирус дар ҷаҳон фавтиданд. Қисми зиёди мурдаҳо дар Италия ба қайд гирифта шудаанд (16 523). СУТ шаби гузашта иттилоъ дод, ки то имрӯз дар ҷаҳон беш аз 74, 8 ҳазор нафар аз гирифторӣ ба ин вирус аз олам гузаштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД