Зиндагӣ чун саҳнаест. Саҳнаи бозиву нақшофарӣ. Баъзан дар ин саҳна порчаҳои гуногуни зиндагӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Намоишномаҳо баъзан аз бевафоии замон ва баъзеи дигар аз пастию разолатҳои инсон шаҳодат медиҳад. Ин саҳнаҳо ба чашм дида мешаванду бо ақл таҳлил мегарданд, то ки бубинем ва панде гирем баҳри зиндагӣ ва тарбияти насли оянда.
Воқеан, муҳаббате, ки имрӯз миёни ҷомеа вуҷуд дорад, мислои хизмати хирс ба боғбон аст. Чун аз бевафоиҳои инсон ва қадрношиносии он ҳарф задем, қиссаеро ёдовар шудан мехоҳам, ки худ шоҳиди он будам.
Чанд сол пеш ҳангоми ғуруби офтоб аз кор баромада, чун ҳамешагӣ рост ҷониби хона равон шудам. Самти гузарам аз миёни кӯчае буд, ки дар он як оилаи хушбахт зиндагӣ мекард. Чун аз тулуъ то ғуруби офтоб пайи кор будам, аз ҳолу аҳволи эшон кам маълумот доштам. Зимистон ҳам ягон - ягон аз худ дарак медод. Имрӯз охирин рӯзи кориам буд, чунки рухсатӣ гирифта будам. Аз бекорӣ ва нишастан дар хона безор шудаму ба хотири шиносоӣ бо ин оила рӯзи якшанбе ба кулбаи фақиронаашон меҳмон шудам. Ин оила аз як пирамард ва як пиразан иборат буд.
Вақте аз дар ворид шудам, онҳо рӯи кате, ки дар канори дарахти рӯи ҳавлӣ ҷойгир буд, менишастанд. Ба хотири эҳтироми синну сол ва ожангҳои чеҳраашон онҳоро бо калимаҳои модар ва падар нидо кардам. Мард аз ҷой бархесту “биё писарам” гӯён маро ба оғӯш гирифта, дастамро фишурд. Пиразан бошад дастамро дошту бо муҳаббати модарона аз китфон ва пасон ба чеҳраам бӯса зад. он лаҳзаро наметавон рӯи қоғаз овард.
Сипас дар паҳлӯяшон нишастаму аз ҳолашон пурсон шудам. Ин оила, ки то имрӯз соҳиби фарзанд набуданд, тамоми эҳсосу муҳаббати падару модариашонро гӯё баҳри ман нигоҳ доштаанд. Суҳбат бо онҳо бисёр ҳам ҷолибу шуниданӣ буд. Мӯйсафед аз даврони ҷавониаш қисса мекарду мо бо бибӣ ба нақли ӯ гӯш медодем. Дар вақти нақл кардан баъзан ба он ҷойҳое мерсидем, ки ҷуз табассум кардан илоҷи дигар набуд.
Сипас бобо аз оиладоришон ҳарф зад. Зиндагие, ки бо муҳаббати зиёд бунёд шудаву то имруз бошад побарҷост. Бибӣ бошад дар бораи ягона фарзандаш қисса кард. Кампир бо ҳасрат ӯро ба ман ташбеҳ дода, гуфт: “Писарам мисли ту қади баланд ва чеҳраи гадумӣ дошт”. Баъди ин сухани модар фикр кардам, ки шояд ин писар донишҷӯсту ҷое таҳсил дорад.
Эҳсоси кунҷкобӣ оромам нагузошту аз модар пурсидам: “Модарҷон, ҳозир фарзандатон дар куҷост?”.
Баъди ин савол ҳарду ҳам ба якборагӣ хомӯш шуданд. Чун ба чеҳраи нуронии модар назар кардам, дар чашмонаш пораи ашкро дида, норҳат шудам. Ба худ гуфтам: “Чӣ гуна одамӣ, ки аз пушти як суоли бемантиқ ашки модар рехт?”
Фикр кардам, ки ҷигарбанди модар аз олам гузашаасту мани беақл бо ин суоли аблаҳона ба торҳои ҷигараш нохун задам. Бо ин мақсад ба хотири тасаллӣ зуд ба модар гуфтам: “Маро бубахшед, модарҷон. Намедонистам, ки ин суоли ман боиси ғаму андуҳи шумо мешавад. Қисмат чунин будааст. Худо биёмурзадаш”.
Модар ашки чашмонашро бо рӯймолаки сари китфонаш пок намуда, ҷавоб дод: “Не писарам. Ҷои бахшишпурсиву пушаймонӣ нест. Тақдирамон”.
Сипас боз пурсидам: “Модарҷон, аз он замон то имрӯз чи қадар вақт гузашт?” Ба ҷойи модар мӯйсафед оҳе кашиду гуфт: “13 сол шуд, ки аз барои занаш моро партофта рафту дигар аз ҳоламон хабар намегирад”.
Модар аз гиряи зиёд имкони чизе қисса карданро надошт. Пирамард бо ашкҳои сӯзон чунин нақл кард: “Мо баъди издивоҷ то 4 сол соҳиби фарзанд нашудем. Сар ба ҳама дар задему кӯмак хостем. Беҳтарин табибонро оварда, табобат кардем. Ҳамаи ин талоши моро дида, Худованд бароямон тифлаки дустрӯякеро ҳадя кард. Албатта, аз таваллуди ин кудак дилҳои мо шод гардидаю аз Худованд пайваста шукргузорӣ мекардем". Гиряи мӯйсафед имкони нақли идомаашро намедод: - Аммо афсус, - идома дод бобо, - баъди таваллуд сардухтури беморхона маро ба наздаш ҷеғ зада, гуфт: “Писари шуморо бо мушкилоти зиёд аз марг раҳонидем, аммо ҳамсаратон дигар тифл ба дунё оварда наметавонад”.
Ин суханҳо ханҷаре буд, ки табиб ба қалбам зад.
Ба хотири ҳамсар ва кӯдаки навзод зиндагиро идома додем. Чун ягона кудакамон буд тамоми муҳаббат ва ғамхориро дареғаш намедоштем. Ин тифлакро бо муҳаббати зиёд ба воя расонидем.
Тарбият додем, хонондем ва ... (ашк аз чашмони мӯйсафед мерехт).
Баъди каме сукут суханашро давом дод:
- Баъди хатми донишгоҳ ӯро хонадор кардем.
- “Бароят беҳтарин келинро меорам, очаҷон, - мегуфт писарам”, – бо гиря сар кард бибӣ. Баъди пок кардани ашки чашмонаш ӯ суханашро идома дод: - Баъд духтар нею як балоро келин кардем.
Сипас пирамард идома дод:
- Баъди оиладор кардани ӯ мо барояш бегона гаштем. Ҳар рӯз ҷангу муноқишаи худаш бо ману келин бо ҳамсарам маро нороҳат мекард. Ин муноқишаҳо ҳамеша давом меёфт.
Як рӯз ҷанҷоли келину хушдоман авҷ гирифт. Дар ҳамин вақт писарам ба хона ворид шуду “Шумо дар ҷонам задед, бароед аз хонаи ман” - гӯён ману ҳамсарамро ба берун ронд. Инак 13 сол аст, ки мо ҳамроҳи кампир дар ин иҷорахона танҳо зиндагӣ мекунем”.
Ҳозир ӯ дар куҷост? Шумо аз аҳволи ӯ хабар доред? Оё ӯ медонад, ки шумо дар қайди ҳаётед? – саросема пурсидам аз онҳо.
- Не. Баъди рондани мо хонаро фурӯхтааст – ҷавоб дод пирамард.
- Дар куҷое, ки набошад, зиндагиаш хуб бошад барои мо кофист, писарам қайд , -илова намуд пиразан.
Он замон бори дигар ба муҳаббати модар ва меҳнати падар сахт бовар кардам. Баъди ин қисса дигар натавонистам назди онҳо шинам ва қарор додам, ки ба хона бармегардам, зеро буғзу алам гулӯгирам карда буду ашк аз чашмонам равон мешуд. Бо як азоб ашкони худро медоштам. Вақте ба хонаи худ омадам, аввалин коре, ки кардам, ба падару модарам занг задаму аз ҳолу аҳволи аҳволашон пурсидам ва дар охир дуояшонро гирифтам.