sebiston july new
Шумо ҳам муассисаатонро таъмир мекунед?
353

Бо фаро расидани таътили тобистона дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ таъмири ҷории мактабу синфхонаҳо бо маром идома дорад.

Таъмири муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Дӯсти бо кӯмаки волидони донишомӯзон ва маблағи муайяни ҷудонамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ оғоз ёфтааст, хабар дод хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ рафти таъмир дар сатҳи аъло ба назар мерасад. Волидон барои беҳтару хубтар фароҳам овардани шароити таҳсил, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи фарзандон кӯшиш мекунанд, то ҳадди имкон кӯмаки худро расонанд.

Нуктаи муҳимеро зикр кардан ба маврид аст, ки имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ барои таъмири муассисаҳо аз падару модарон маблағ талаб доранд ва дар ин кор кормандони соҳаи маориф, бахусус омӯзгоронро гунаҳгор медонанд, ҳол он ки бинои муассисаҳои таълимӣ дар тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қарор дошта, таъмиру нигоҳдории он аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ амалӣ карда мешавад.

Вақте мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маблағ барои таъмир ҷудо намекунанд, муассисаро чӣ тавр бояд таъмир кард? Дар ин ҳолат ассотсиатсияи падару модарони муассисаҳои таълимӣ маҷбур мешаванд, ки барои беҳтар намудани шароити таҳсили фарзандонашон кӯмак намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД