Шӯҳрат Бобоҷонов сокини шаҳри Хуҷанд буда, хатто мактаби миёнаро нопурра хондааст. Аз сабаби бевсаводӣ ва ягон касбу ҳунар надоштанад Шӯҳрат дар зиндагӣ азобҳои зиёде мекашад.
Марди 44-сола ва дар айни камолоти умр бошад ҳам, аз чашидани лаззати зиндагӣ маҳрум аст. Ҳамсараш ба гуфти худи мард, ҳанӯз 12-сол пеш, бо сабаби мисли дигар мардон корчаллон ва пулёб набуданаш, духтарчаашро гирифта аз хона баромада рафтааст. Шӯҳрат як луқма нонашро бо аробакашӣ пайдо намуда, натанҳо азоби вазнини ҷисмонӣ, балки азоби сахти рӯҳӣ низ мекашад.
“Барои ман аробакашӣ чандн мушкил нест. Кори вазнни бошад ҳам, мисли даҳҳо аробакашон аз субҳ то шом кор карда, луқмаи ҳалол мехӯрам, вале бароям аламовар аст, ки ҳамсарам дар 32-солагиям, дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ аз рӯйи камбағалӣ маро партофта рафт. Он вақт як духтарча доштем ва ман шабу рӯз кор мекардам, ки фарзандам аз касеву чизе кам нашавад, аммо занам зиндагии шоҳона мехост ва “ман бо марди аробакаш зиндагӣ кардан намехоҳам” гӯён, баромада рафту духтарчаамро ҳам бо худ бурд. Росташро гӯям, баъди ҳамин ҳодиса дилам аз ҷинси зан ях барин хунук шуда монд ва 12- сол боз дигар ҳасави зангирӣ накардам”-мегӯяд қаҳрамони мо.
Занам худашро фаришта мегирифт, вале...
Дарди дили ин марди аз зиндагӣ насуда хеле зиёд аст. Шӯҳрат бо алам сахифаи хотироташро варақгардон намуда, чунин қисса мекунад:
-Пеш аз никоҳ домулло пурсида буд, ки шумо ҳамин мард, яъне Шӯҳратро дар вақти дороиву нодорӣ, сиҳатию беморӣ умуман дар ҳар лаҳзаи ҳаёташ ба ҳамсарӣ қабул мекунед? Занам худро фариша гирифта “ман розӣ” гуфта буд, аммо вақт нишон дод, ки танҳо дар вақти дороӣ маро қабул карда будааст. Дар давраҳои тинҷу ором будани оилаам дили ман ба он мардҳое ки занашон ба хотири камбағалӣ партофта рафта буд, месӯхт, аммо ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки рӯзе чунин тақдири талх насиби худам мегардад. Беҳуда одамони калонсол “дили раҳмгин ҳамеша ғамгин” намегуфтаанд, бибинед, ки ин рӯзи сахт билхира ба сари худам омад...
Дили шӯҳрат беш аз ҳама барои фарзанди яккаву ягонааш гум мезанад ва оби чашмнашро базӯр нигоҳ дошта мегӯяд:
-Бо вуҷуди камбағалӣ ба занам гуфтам, ки духтарамонро ба ман дода рав, худам аз ягон чиз кам накарда калон мекунам, вале “ту аробаи зиндагии худатро кашола намекунию фарзанди маро аз куҷо таъмин карда метавонӣ?!” гӯён, таънаю маломат зада рафт. Духтарамро монда мерафт, шояд ба хотири фарзандам дасту дилам ба зиндагӣ гарм шуда, зани дигар мегирфитаму оилаи солим бунёд мекардам, лекин ҳамин умеди кӯчакро низ аз ман гирифтанд. Имрӯз танҳо барои намурдан кор мекунаму хулос. Як зиндгаии берангу бемазмун. Фикр мекунам, ки зани дигар бигирам ҳам, як рӯз не, як рӯз мисли зани аввалаам “ту бой нестӣ” гуфта, маро партофта меравад, аз ҳаимн хотир дигар зан гирифтан нахостам, чунки дилам аз зоти зан мондааст.
Шӯҳрат мегӯяд, гоҳо дар як рӯз ҳамагӣ 2-3 мизоҷ пайдо шуда, ҳамагӣ 20-30 сомонӣ ба даст меорад, вале ба ҳаминаш ҳам шукрона мекунад. Аз ҳама бештар ӯ аз он пушаймн аст, ки дар вақташ мактаб нахонд ва ягон касбу ҳҳунар наомӯхт, агар савод медошт, шояд зиндагиаш ранги дигар мегирифт.
Барои инсоне ки нони ҳалол хӯрдан мехоҳад, ҳеҷ гоҳ меҳнат кардан ва аробакашӣ ҷойи шарму ҳаё ва айб надорад, агарчӣ баъзеҳо ба аробакашон бо назари паст нигоҳ мекунанд ва мисли зани ӯ марди арбакашро партофта мераванд. Бонувон бояд дарк намоянд, ки муҳим дар зиндагӣ нони ҳалол ёфтану бо луқмаи ҳалол фарзандонро тарбият намудан аст, охир ҳатто баъзе пайғамбарони Худованд чӯпонию даҳмардагӣ мекарданд.
Фарзона Муродӣ