Шонатарошӣ ҳам мисоли баъзе ҳунарҳои қадима дар ҳоли аз байнравӣ қарор дорад, зеро шонаҳои пластикиву оҳанӣ то андозае бозори шонатарошонро маҳдуд кардааст, аммо устохои гулдасте ҳастанд, ки ин хунари миллиро зинда нигох медоранд. Яке аз онҳо қаҳрамони мо Содиқ Зарипов мебошад.
Содиқ Зарипови 55-сола солҳост, ки дар Истаравшани бостонӣ баҳри ривоҷ ва ҳифзи ин ҳунари қадима талош меварзад. Аслан аз рӯйи ихтисос ӯ иқтисодчӣ буда, аст, чанд сол дар ҳамин соҳа фаъолият намудааст, вале бар асари як ҳодисаи нохуш диплом ва дигар ҳуҷҷатҳояш сӯхта нобуд шудаанд. Аз ҳамон вақт сар карда Содиқ Зарипов тамоми ҳунару маҳорати худро баҳри ривоҷи ҳунари шонатарошӣ мебахшад.
Қаҳрамони мо шонатароширо аз тағояш Икромҷон Ғафуров омӯхтааст.
"Устохонаи тағоям ҳамеша пур аз шогирдон буд.Фарзандону наберагон, бачаҳои ҳаққу ҳамсояҳо наздаш омада, ҳунари шонатароширо меомӯхтанд. Дар ин баробар ман ҳам барои аз худ кардани ин касб мерафтам. Имрӯз аз ҳамин қадар шогирд танҳо ман бо ин касб машғулам." -мегӯяд ҳунарманд.
Содиқ Зарипов бар он бовар аст, ки шонаҳои чӯбин ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад, зеро мардум рӯзе ба маҳсулоти табии шифобахш аз нав рӯй меоранд. Тағояш Икромҷон Ғафуров низ ба шогирдон доимо таъкид мекардааст, ки ҳунари шонатарошӣ аз байн намеравад, чунки шона аз болои сари одамон ҷой гирифтааст.
Қаҳрамони мо яке аз сабабҳои кам шудани ҳунармандони шонатарошро ба кам будани талаботи мардум рабт медиҳад.
"Як сабаби дур шудани шонатарошон аз ин ҳунари қадима кам будани талабот аст, баъдан аксари авлоди шонатарошон ин ҳунарро аз гузаштагонашон мерос нагирифтанд. Аз як оилаи калон танҳо як-ду нафар ин касбро омӯхтаанду халос. Барои хамин таваҷҷӯҳи мардум ба ин ҳунар кам шуд. Имрӯз шонатарошон ангуштшуморанд"-мегӯяд Содиқ Зарипов.
Шонатарошӣ ба назар кори осон намояд, дар асл хеле кори душвор аст, чунки барои сохтани як шона ҳаждаҳ амалиёт иҷро мегардад. Усто Содиқ тарзи сохтани шонаҳои чӯбиро чунин баён кард.
"Ҳунари шонатарошӣ аз ҳаждаҳ амалиёт иборат аст. Аввал дарахти мувофиқро мегирем. Онро ба қисмҳо ҷудо карда, дар таҳхона мехушконем. Баъдан чубро хомтеша, пухтатеша ва равғани кӯтоҳ (нимравған) карда, дандони маҳин ва дурушт мебарорем. Нӯги дандонҳоро тез карда, хат мекашем. Шонаи нимтайёрро гирифта оро медиҳем. Сипас, ҷулбур карда пар мезанем. Барои он ки шона босифат шавад, боз равған молида пар мезанем. Ҳамин тавр шонаи хушсифат омода мешавад."
Ҳунармандон шонаро аз чӯби дарахти чормағз, шамшод, зардолу, нок ва бук омода мекунанд, чунки ин дарахтон хусусияти шифобахшӣ дошта, сарро масҳ мекунанд ва асабро ором месозанд.
Тавре усто мегӯяд:
"Шонае, ки аз чуби чормағз омода мешавад, дар ҳолати хушкӣ ҳам аз худ равған мебарорад. Он ба назар нанамояд ҳам барои мӯйҳои хушк фоидабахш аст. Агар чӯби чормағз сиёҳ бошад, фоидаи бештар дорад. Шонаи аз чӯби зардолу омода шуда, асабро ором месозад ва аз худ бӯйи хуш мебарорад."
Барои сохтани шона чунин асбобҳо истифода мешаванд: Арраи дудаста, арраи сарбур, арраи дутарафа, ( боз якчанд намуди арра), теша, новатеша, росттеша, леса, ҷулбур, ангуштпона, барбанд, дӯкон ва кунда.
Усто Содиқ мегӯяд, барои шонатарош аз ҳама муҳим ин оромӣ аст, зеро асаби ором ҳам барои эҷод ва ҳам барои бехатарӣ мусоидат мекунад. Ҳунарманд қиссаеро дар ин бобат ёдоварӣ намуд.
"Ривояте ҳаст, ки замоне шонатароши маъруфе буд. Ӯ дар болои санг шона метарошид ва боре ҳам тешааш ба санг барнахӯрда буд. Ҳокими шаҳр сири ӯро фаҳмидани шуда, кампиреро ба хонааш чун хизматгор мефиристад. Ҳунарманд аҳволи кампирро дида ӯро ба кор мегирад. Кампир ҳамарӯза шонатарошро назорат мекард. Зану шавҳар ба ҳам меҳрубон буданду вақташон ҳамеша хуш мегузашт. Кампир қасдан иғво меангезад ва зан ба иғвои кампир дода шуда бо шавҳараш моҷарои мекунад. Ҳамин тавр байни зану шавҳар муноқиша сар мезанад ва шонатарош он рӯз бо қаҳр аз хонааш баромада ба тарошидани шона машғул мешавад. Дар аввалин зарб теша ба санг бархӯрда мешиканад. Кампир дарк мекунад, ки барои шонтарош ва умуман одами ҳунарманд оромӣ бисёр нақши муҳим доштааст ва ҳақиқатро ба ҳокоим ва худи шонатарош мегӯяд. Аз ҳамин хотир ман кӯшиш мекунам, ки ҳамеша бо таби болида кор кунам."
Фарзанди усто Содиқ-Юсуфҷон низ аз ҳунари шонатарошӣ воқиф аст. Ӯ мехоҳад забонҳои хориҷиро аз худ намуда, дар намоишҳои ҳунарӣ берун аз Тоҷикистон иштирок намояд ва ин ҳунари миллию қадимаи тоҷикро ба оламиён муаррифӣ кунад.
Қаҳрамони мо ният дорад, ки сафи устохои шонатарошро минбаъд зиёд карда, як коргоҳи хурди шонатарошӣ бунёд намояд.
Абдуғаффор Шодиев