Formula novemver 2024
ШОГИРДИ ШАЙТОН БА ДАСТ АФТИД?
10044

Зино аз ҷумлаи бадтарин гуноҳон ба шумор меравад. Тамоми динҳо, махсусан дини мубини ислом зинову зинокориро маҳкум карда, таъкид менамояд, ки шахси ба ин гуноҳи кабира даст зада, агар сидқан тавба карда, минбаъд аз ин амали касиф ва ҳаром канораҷӯӣ накунад, ба ғазаби Парвардигор гирифтор мегардад ва аз биҳишти ҷовидон бенасиб монда, ба оташи сӯзони ҷаҳаннам афканда хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки натанҳо афроди зинокор ба лаънати офаридгор гирифтор мешаванд, балки шахсони бо ин тоифа ошноиву дӯстиву ҳамкорӣ дошта низ ғарқа дар гирдоби гуноҳ мегарданд. Албатта ҳар як фарди мусалмон аз оқибати зинову зинокорӣ каму беш хабар дорад, вале афроде ҳастанд, ки барои чор танга пули ҳаром шуда, ҳаёту мамоти худро бо дасти хеш месӯзанд. Далели равшани ин гуфтаҳо рафтори як зани 34-солаи тоҷик мебошад, ки аз рӯйи нафси ҳаром манзили зисташро ба макони айшу ишрати як идда зинокорон табдил додааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистн аз боздошти як зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил кардани фоҳишахона хабар додааст. Ба иттилои ин манбаи мӯътамад ин зан барои пули ҳаром шуда, манзили иҷораашро, ки дар кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт воқеъ гаштааст, ба макони айшу ишрати зинокрон табдил додааст. Ин иҷоранишини “кордон” барои алоқаи ҷинсӣ намудани як зан ва як марди 36 ва 29-сола, ки яке сокини пойтахт ва дигарӣ сокини шаҳри Ҳисор мебошад, дар иҷорахонааш тамоми шароитҳоро фароҳам оварда, барои ин “некӣ”-аш аз онҳо 150 сомонӣ “мукофот” гирифтааст. Бо ҳамин роҳ ин зани ба пули муфт одат карда боз ба ду ҷуфти дигар “хизмат” расонида, аз ҳар кадом 150 сомонӣ “хизматона” гирифта будааст, аммо оқибат сирри ин “шогирди шайтон” фош гашта, ба чанг афтид.

Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гашта, тафтишоти қазияи фоҳишахона аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД