Аксари кӯдакон як одати бад доранд, чашми ронандаро хато карда, албатта ба қафои мошин мечаспанд ва ба қавли худашон “кататся” мекунанд. Чунин шӯхии кӯдакона дар шаҳри Ҳисор бо фоҷиа анҷом ёфта, боиси марги як писарчаи 9-сола гашт.
Вазорати умури дохилаи кишвар аз марги фоҷиавии як кӯдаки ноболиғ дар шаҳри Ҳисор хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин ҳодисаи нохуш як рӯз қабл, санаи 29-уми март, тахминан соатҳои 12:30 дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор ба вуқуъ пайвастааст.
Қаҳҳоров Одилҷон Камолович, ронандаи мошини боркаши тамғаи «Чанху» ба ҳамкасбаш Каримов Эраҷ ёрӣ расониданӣ шуда, мошини “Хундай-Портер”-и ӯро бо усули “буксир” кашола мекунад. Чашми ду ронандаро хато карда кӯдакони маҳаллаи Сомон ба қафои Портер мечаспанд ва ҳангоми ҳаракат кардани мошин яке аз ин бачаҳо бо исми Муҳаммадниёз Зарипов, ки ҳамагӣ 9-сол дошт, ба замин афтида, сахт захмӣ мешавад.
Зарардидаро дарҳол ба беморхона бурда бошанд ҳам, аз панҷаи марг наҷот додани ҷони ин писараки шӯх муяссар нагашт. Мутаасифона, кӯдак бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар роҳ ба сӯйи бемористон ҷон ба ҷонофарин супурд.
Падару модарони азиз! Илтимос, фарзандонатонро ҳеҷ гоҳ бе назорат нагузоред!