arzon replenishment
ШИШАҲОИ МОШИНАТРО СИЁҲ НАКУН, ХОНАСАЛОТ МЕШАВӢ!
3298

Пас аз оне, ки қурби асъори доллари амрикоӣ яку якбора боло рафт дар баробари он арзиши маҳсулоти хурока ва дигар лавозимоти рӯзгор дарҳол дар бозору мағозаҳои кишварамон ҳамагонро нигарон намуд. Ин ҳолат зарбаи бештарро ба киссаи сокиноне, ки ҳадди ақал аз 400 то 1, 500 ҳазор сомонӣ маош мегиранд, зад. Нафароне, ки аз 2000 сомонӣ боло маош мегиранд ва аз ҳар тараф даромади иловагӣ доранд, аз ин гуна сурат гирифтани ҳолат чандон ба таҳлука наафтоданд, аммо...

Афроде, ки соҳиби мошинҳои гаронанду шишаҳои сабукравашон сиёҳ аст, пас аз хондани қарори нав дар бораи нархи иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо ва андози роҳ ба қавли русҳо шояд то дараҷае “шок” гарданд, чунки бар асоси нархномаи нав соҳибони воситаи нақлиёт муваззафанд, ки барои сиёҳ намудани шишаи мошинҳо аз 3930 то 5160 сомонӣ пардохт намоянд.
Арзиши иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо ва андози роҳ, ки яке аз муқарраротҳои асосӣ, барои гузаронидани муоинаи техникӣ (техосмотр) маҳсуб мешавад, ба андозаи 3,5 то 4,4 % баланд шудааст.

Дар ин бора сомонаи хабаргузории “Спутник” дартакя ба иттилоъи чанде аз роҳбарони ширкатҳои хизматрасони ҳуҷҷатгузории воситаҳои нақлиёт (мағозаи комиссиёни) - и назди идораҳои БДА хабар дод.

Ба иттилои манобеъ, тибқи нархномаи нав арзиши иҷозатномаи сиёҳ намудани оинаи мошинҳо кам ё беш аз 160 сомонӣ гарон шудааст. Тибқи нархномаи нав соҳибони воситаи нақлиёт вазифадоранд, барои сиёҳ намудани шишаи мошинҳои соли бароришашон то 2005, 3930 сомонӣ ва барои мошинҳои аз соли 2005 боло ҳудуди 5160 сомонӣ пардохт намоянд.

Дар сурати пардохт накардани ин миқдор маблағ, ронандагонро зарур меояд, ки шишаҳои сиёҳи мошинашро пок кунанд. Соли гузашта қимати чунин иҷозатнома аз 3770 то 4988 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Шурӯъ аз аввали соли 2021 арзиши андози роҳ аз воситаи нақлиёт низ то 3,5 % баланд шуд. Андози роҳ аз восиати нақлиёт аз рӯи иқтидори муҳаррик (мотор) ситонида мешавад. Иқтидори муҳаррикро аз рӯи "қувваи асп" - и он ҳисоб мекунанд.
Тибқи нархномаи нав арзиши андози роҳ барои ҳар як "қувваи асп" - и нақлиёт ба 4,5 сомонӣ муқаррар шудааст. Соли гузашта он 4,35 сомонӣ буд ва аз ҳадди миёни воситаи нақлиёт, ки аз 75 "қувваи асп" иборат аст, 326 сомонӣ андози роҳ ситонида мешуд.

Бар тибқи нархномаи нав, қимати муоинаи техникии воситаи нақлиёти сабукрав то ба 1080 сомонӣ дакка мезанад ва аксар ронандагони тоҷик пардохти онро гарон арзёбӣ мекунанд.

Шояд баъд аз гарон шудани арзиши иҷозатномаи сиёҳ намудани шишаи мошинҳо соҳибони сабукрав ба хулосаи оқилона биёянду маблағро беҳуда сарф накунанду он пулро дар тарбияи босамари фарзандонашон харҷ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД