Футзалбозони Тоҷикистон ба Чемпионати ҷаҳон мераванд!
Дастаи футзали кишвари мо дар Ҷоми Осиё – 2024 натиҷаи таърихӣ нишон дода, то даври нимниҳоӣ баромад ва роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футзалро ба даст овард!
FORMULA55 тайи 10 сол ба ҳайси сарпарасти расмии Лигаи футзали Тоҷикистон пайваста дар канори даста ва футзалбозон буд ва ба тими миллии кишвар дастгирии ҳамаҷонибаи худро дареғ намедошт. Мо ҳамеша ба ҳунару тавоноии футзали тоҷик бовар доштем ва аз дастовардҳои бозингарони худ дар арсаи байналмилалӣ изҳори хушнудӣ мекунем.
Мо ҳамчун сарпарасти расмии Лигаи футзали Тоҷикистон наметавонем дар бораи ҳамкориҳои деринаи худ бо футзал ва бахусус бозигарони он сӯҳбат накунем. Ҳамчун нишонаи қадрдонӣ барои нишон додани дастоварди арзанда мо ба тамоми даста, аз ҷумла ба ҳайати мураббиёну бозингарон мукофоти пулӣ тақдим намудем.
FORMULА55 мунтахаби футзали Тоҷикистонро бо ин дастоварди арзанда самимона табрик мекунад!
Ба тими миллӣ дар роҳи расидан ба қуллаҳои боз ҳам баландтар муваффакиятҳои бузург орзу мекунем!
Тоҷикистон ба пеш!