Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо нашри як эълон хоҳишмандонро барои кор ба давлати Қатар даъват намудааст.
Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Қатар дар ширкати “Ал-Ҷусур" дар соҳаҳои хизматрасонӣ ва меҳмондорӣ кор хоҳанд кард.
Ширкат ваъда додааст, ки муҳоҷирони меҳнатиро бо ҷойи истиқомат, нақлиёт, хӯрок, суғурта, раводид, яъне виза, чиптаи ҳавопаймо таъмин намуда, рухсатии меҳнатӣ низ медиҳад.
Талаботҳои асосӣ инҳоянд:
- Синну сол: аз 21 то 45-сола.
- Донистани забони англисӣ ва ё арабӣ (вобаста ба вазифа ва сатҳи он).
- Надоштани доғи судӣ.
- Бақайдгирӣ дар пойгоҳи "tawzeef.qa".
Хоҳишмандон метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират воқеъ дар кӯчаи С. Айнӣ 121-и шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос: 225-05-75, 974-36-38-38