Formula novemver 2024
ШИРИНИИ ФОТИМА МАШРАБОВАДА БИЁ, БАЧА!
2550

 

Сарояндаи зебову хушсадои тоҷик Фотима Машрабова натанҳо дар ҳунари овозхонӣ, балки дар маҳорати кадбонугӣ низ ҳамто надорад.

Фотимабону пухтупаз карданро дӯст медорад ва тез-тез барои аҳли оилааш ҳар гуна хӯришу шириниҳои лазиз тайёр мекунад. Фотимабону имрӯз ба мухлисонаш тарзи хеле осони пухтани пичениро меомӯзонад.

Барои омода кардани пичени "Ностальжи"  ин маҳсулотҳо лозиманд:

Барои хамир:

180 грамм равғани маска спреди "Крестьянское приволье”
200 грамм орди навъи якум
200 грамм мураббо-ҷем
200грамм шакар
6 қошуки чойхурӣ сметана
каме намак

Тарзи таҳия:
Спреди “Крестьянское приволье”-ро дар болои оташ гарм кунед, то каме сусттар шавад, вале нагузоред, ки равған об шавад. Ба он сметана илова кунед ва бо чангак латзада, омехта намоед.
photo_2021-06-23_14-37-09
Ордро бо элак бехта ба он каме намак пошед, баъдан онро кам-кам ба омехтаи равғану сметана аралаш карда, хамир шӯред. Сурфаро паҳн намуда, аз хамир зувола гиред. Зуволаро тунук кунед. Ғафсии зувола бояд тахминан 5 мм бошад. Зуволаи тунук кардаатонро дар шакли чоркунҷачаҳо буред ва дар байнашон як қошуқчагӣ муррабо рехта, канорҳояшро маҳкам кунед. Шакли печени ба завқи шумо вобастагӣ дорад, хоҳед онҳоро дар намуди конверт маҳкам кунед, нахоҳед дар шакле, ки дар сурат нишон дода шудааст ё намуди дигар печонед. Пас аз ин дар тафдон коғази пухтупазӣ паҳн намуда, печениҳоро гузоред ва дар ҳарорати 200 дараҷа муддати 10-15 дақиқа пазед.

Ин намуди пичениро бе мураббо ҳам пухтан мумкин аст, вале дар ин ҳолат ба хамир бояд 150-200 грамм шакар андозед.

Пас аз пухтани пичении “Ностальжи” метавонед ба рӯяш хокаи шакар (сахарное пудро) пошед.

Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД