arzon replenishment
“Ширинбия”-и Тоҷикистон ба Япония содирот мешавад
1051

 

Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон, нигаҳдории гиёҳҳои истеъмолӣ ва доругӣ мебошад. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби агентии мазкур нисбати афроде, ки худсарона ба ҷамъовариигиёҳҳои шифобахш машғул мешаванд 87 санади ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ карда шуданд.

Абдуҷаббор Юсуфзода, Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади хеш, вобаста ба фаъолияти нимсолаи аввали соли ҷорӣ ин нуқтаро қайд карда, таъкид намуд, ки:

“Гиёҳҳои шифобахш ва истеъмолӣ, ки дар ҳудуди заминҳои хоҷагии ҷангал ва хоҷагиҳои деҳқонӣ мерӯянд, таҳти назорати қатъии Агенти хоҷагии ҷангаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ин гиёҳҳо танҳо бо иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ҷамъоварӣ карда мешаванд.”

Агентии мазкур бо ҶДММ "Тиб барои шумо", осоишгоҳҳои кишвар, хулоса дар маҷмӯъ бо 13 корхона ва ширкатҳои ватанӣ, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва донишгоҳи миллӣ амал мекунанд, ҳамкории зичро ба роҳ мондааст.

Иноят Фаттоҳев, сармутахассиси Раёсати хоҷагии ҷангали кишвар вобаста ба ин мавзӯъ илова намуд, ки агентӣ қаблан аз кӯҳҳои Айнӣ, Ғончӣ ва Панҷакенти Вилояти Суғд растаниҳои эфедра, завоса ва дигар гиёҳҳои нодирро то 400 тонна ҷамъовари намуда, содирот мекарданд, ҳоло бошад, ин гиёҳҳои шифобахшро дар осоишгоҳҳои кишварамон низ истифода мебаранд.

Тибқи иттилои агнетӣ аз соли 2010 инҷониб байни Тоҷикистон ва Япония доир ба ҷамъоварӣ ва коркарди решаи гиёҳи Ширинбия ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳоли ҳозир ягона корхонае, ки барои нигоҳубин, парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди камоли бадбӯй машғул аст, ин ҶДММ “Ганҷ” мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД