Маҳсулоти лозима:
170 грам – какос
190 грам – шири қиёмшуда
15 грам – какао
Тарзи таҳия:
Дар зарфе какос ва қиёмшударо (сгушенка) рехта бо дастамон хуб омехта мекунем, баъдан онро ба 3 қисм ҷудо мекунем. Ба 1 қисмаш 1,5 қошуқ какао илова намуда бо дастамон хуб омехта мекунем.
Қоғази пергаментро тунук карда шириниро баболояш мерезем ва бо дастамон тунук мекунем. Пас аз ин ширинии бо какао омехтаро дар байнаш рехта,боқимондаи шириниро мерезем ва мепечонем.
Ширинӣ бояд дар яхдон 2 соат истад, сипас онро аз қоғаз ҷудо карда бо эҳтиёт мебурем. Барои оро доданаш аз какос истифода мебарем.